Спросить
Войти
Категория: Литература

К ВОПРОСУ О МЕТОДОЛОГИЧЕСКОМ ИЗУЧЕНИИ СУФИЙСКОЙ ПОЭЗИИ САНАИ ГАЗНАВИ

Автор: Солехов Мирзо Одинаевич

УДК 891.550 (091) ББК 83.3(0)9

ОИД БА МА СЪАЛАХРИ МЕТОДОЛОГИИ ОМУЗИШИ НАЗМИ ТАСАВВУФИИ САНОИИ ГАЗНАВИ

Солевое Мирзо Одинаевич, н.и.ф., дотсенти кафедраи таърихи адабиёти тоцики ДМТ (Тоцикистон, Душанбе)

К ВОПРОСУ О МЕТОДОЛОГИЧЕСКОМ ИЗУЧЕНИИ СУФИЙСКОЙ ПОЭЗИИ САНАИ ГАЗНАВИ

Солехов Мирзо Одинаевич, к.ф.н, доцент кафедры истории таджикской литературы ТНУ ( Таджикистан, Душанбе)

TO THE ISSUES CONCERNED WITH THE METHODOLOGICAL STUDY OF SANoI GASNAWS SUFI POETRY

Solekhov Mirzo Odinaevich, candidate of philological sciences, Associate Professor of the department of history of Tajik literature under the TNU (Tajikistan, Dushanbe), E-mail:latifi_86@mail.ru

Вожщои калиди: Саноии Fa3rneu, адабиёти классикии форсу тоцик, назми тасаввуфи, масъалауои методологи, анвои назми тасаввуфи, ташаккул, тауаввул

Мацола доир ба масъалауои методологии омузиши назми тасаввуфии Саноии Fазнавй (10791141) баус менамояд. Зикр мешавад, ки Санои яке аз саромадони адабиёти тасаввуфи-ирфони дониста шудааст. Цайд мешавад, ки роуи у баъдан тавассути ашъори Фаридуддини Аттор уаматарафа тауаввул ёфта, бо эцодиёти Фахруддини Ироци ва, махсусан, Мавлоно Цалолуддини Балхи, ба олитарин нуктаи рушд расидааст. Муаллиф ба чунин натица расидааст, ки барои тауцици масъалаи омузиши назми тасаввуфи дар эцодиёти Саноии Fазнавй ва таъйини сауми у дар ташаккули анвои назми тасаввуфи дар даврауои баъдии инкишофи адабиёти тасаввуфи уадафи меуварии тауциц бояд фарогири чунин мабоуис бошад: шохис сохтани нацши Санои дар зуууру ташаккул ва мароуили рушди ашъори тасаввуфи-ирфони, каломи андешамеувар, ифодаи уунари ва бунёдгузориву рушди он дар таърихи адабиёти форс-тоцик.

В предлагаемой статье поставлены вопросы методологии исследования мистической поэзии Санаи Газневи. Отмечается, что Санаи является основоположником суфийской и мистической литературы в персидско-таджикской литературе. Это беспрецедентное литературное открытие впоследствии получило всестороннее развитие в творчестве Фаридаддина Аттора, Фахраддина Ироки и в особенности Мавлоно Джалаладдина Руми, где достигло наивысшей точки. Автор приходит к заключению, что для исследования вопроса изучения суфийской поэзии в творчестве Санаи Газневи и определения вклада этого поэта в становление разновидности суфийской поэзии в последующих этапах развития суфийской литературы, следующие вопросы должны быть предметом исследования: определение роли Санаи в появлении и становлении суфийско-мистической поэзии и этапов ее развития, философского слова, художественного выражения, а также заложение основы развития в истории таджикско-персидской литературы.

The article under consideration dwells on issues concerned with the methodology of exploration of Sanoi GhaznavVs mystical poetry. It is underscored that Sanoi was the founder of Sufi and mystic literature in Persian-Tajik literature. The relevant unprecedented literary discovery subsequently received comprehensive development in the creation belonging to the pen of Faridaddin Attor, Fakhraddin Iroki and namely, Mavlono Jalaladdin Rumi, who reached the highest point in this field. The author of the article comes to the conclusion that in order to study the study of Sufi poetry in Sanoi GhaznavVs creations and determine the contribution of the mentioned poet into the development of Sufi poetry in the subsequent stages of development of Sufi literature, the following issues should be the subject of research: determination of the role of Sanoi in the emergence and formation and stages of

Sufi development -Mystic poetry, philosophical words, artistic expression and laying the foundation for development in the history of Tajik-Persian literature, upon the whole.

Зухури адабиёти тасаввуфй ва шуарои суфиву ориф хамчун падидаи нодире дар адабиёти классикии форсу точик маърифат мешавад, ки дар раванди адабй мархалаи нави эчодро асос гузошта, боиси равна;и бемисли адабиёт ва тахаввули он аз назари мазмуну мундарича ва хунари офариниш гардид. Зухуроти мазкур, бахусус, фалсафаи амалии адабиётро тахкиму та;вияти бунёдй эхдо кард ва муассирии каломи хунариро неруи ;авитарин бахшид. Ин мархалаи чадиди адабй ба фаъолияти шоири Хдким Саноии Fазнавй сахт вобаста аст. Хдким Абдулмачд Мачдуд ибни Одам Саноии Fазнавй (1079-1141) дар таърихи адабиёти точик бузургтарин рисолати таърихиеро ба чо овардааст, ки он, бидуни истисно, ба эчодкори дигаре даст надодааст. У яке аз саромадони адабиёти тасаввуфй, каломи хунарии андешамехвару хирадсолор, шеъри бедуругу бериё, нигаришгари ноби хунарй ба ирфони исломй дониста шудааст. Ин ибтикори беназири адабй баъдан тавассути ашъори Фаридуддини Аттор тахаввул ёфта, бо эчодиёти Фахриддини Иро;й ва хоса Мавлоно Чдлолуддини Балхй ба олитарин ну;таи рушд расидааст, ки ин дастоварди фикрии хунарй барои оламиён махз чанбаи таманной дорад. Аз ин ру, ма;таи дар каломи хунарй гузоштаи уро «адимулмисл» маърифат кардаанд.

Табадуллоти ботинй ва ё ин;илоби фикрии ин мутафаккир на танхо барои худи Хдким Саной созандагии бунёдй буд, балки уро ба «давронсозй ва ё тафаккурсозй» водор сохт. Яъне, ин падида шакли комилан ноби каломи адабй-хунариро ба миён овард, ки он каломи тафаккурсоз барои кашфу шухуд буд. Ислом ва тасаввуфу ирфони исломй аз адёну мазохиб ва равияхои дигари гайриисломию ирфонй аз он чихат мутафовит аст ва хатто ручхон дода мешавад, ки мамот интихои мархалаи нави ба;ои човид маърифат мешавад. Яъне, бо истифода аз хадиси шарифи "муъмин дар хар ду дунё зинда аст" ахли ирфон дар фано ба;оро медиданд.

Зимнан, як таъкид басо бамаврид аст, ки шахри Fазнин - зодгохи Хдким Саной дар таърихи хал;хои форс-точик ду рисолати таърихиро ба чо овардааст: а) дар ин давра забони форсии точикй бори аввал ба таври густарда марзхои форсигуёнро убур карда, дар ;аламрави хал;хову миллатхои дигар пахн карда мешавад. Ин амал дар замони Султон Махмуди Fазнавй сурат гирифта буд, ки у тули 31 соли давлатдории худ 17-маротиба ба ;аламрави ^индустон лашкаркашй кардааст; б) шахри Fазнин хамчун зодгохи Хдким Саной гахвораи адабиёт ва ё каломи адабй-хунарии тасаввуфй-ирфонист, ки аввалин шуда, ин адиби ориф дар ашъори худ ба зухуроти мазкур ва та;аддус эътироф кардани шахри мазкур ишорахои сершумор дорад ва ин хусусияти онро эълон кардааст: Хоки Fазнин чу ман назод Хаким, Оташе бодхору об надим (8, 707).

Ё худ:

Шодмон бош аз ману аз худ, ки андар назму наср

Н-аз Хуросон чун туе зодаст, н-аз Fазнин чу ман (8, 528).

Аввалин коре, ки Хдким Саной дар таърихи адабиёт сомон додааст, гирех додани каломи бадеъ ба амалия ва назарияи ирфони хунарй аст, ки тамоми муха;;и;они олам дар ин чода ихтилофи фикрй надоранд ва комилан муттафи;анд. Дар шар;шиносй бузургтарин шар;шиносон Э. Браун ва Е.Э. Бертелс дар ибтидо ба зохири сухани Хдким Саной таваччух карда, баъдтар ба дарунмояи каломи хунарии ин мутафаккир зехн монда, тагйири орову андеша намудаанд. Банда чонибдори ин андеша хастам, ки пас аз то андозае омухтани рузгор ва осори Мавлоно Чдлолуддини Балхй шар;шиносон ну;сони хешро дарёфтаанд.

Хдтто дар таърихи адабиёт бузургтарин суханварон дар ибтидо ба рисолатхои таърихии бачоовардаи Хдким Саной беэътиной карда, пас аз андаке гавр намудан ба каломи хунарии у тагйири андеша кардаанд. Фаразан, Захири Форёбй (1160-1202), Анварии Абевардй (11051187) ва дигарон ба ин кор ру овардаанд.

Машхуртарин муха;;и;и таърихи адабиёти форс-точик Шиблии Нуъмонй менависад, ки: «Хдким Саной аввалкасест, ки тасаввуфро ба шеъру шоирй рушинос кардааст... Ва ин даъворо акобиру машоихи суфия низ тасди; доранд, чунонки Мавлоно Ч,алолуддини Румй мегуяд: Туркцушй кардаам ман нимхом, Аз Хакими Fазнавй бишнав тамом (16, 171).

Хдким Саной мухтареи назми ирфонию ахло;й ва таълимист, ки шахсан худи у хешро ягона дар таърихи адабиёт медонад ва мутааххирин ин андешаро пазируфтаанд (3, 172). Ш.

Нуъмонй газал ва ё шеъри иш;ияи форсу точикро дар ашъори Хдким Саной беназир медонад: «Камоли шоирии иш;ия чун мав;уф ба иш;и ха;и;й аст, ки ихтисос ба тасаввуф дораду ин шоирии тасаввуф дар соири забонхост, лизо, хеч забоне дар шоирии иш;ия наметавонад бо форсй хамсарй намояд» (3, 80).

Во;еан, ин ;азоват ха;и;ати махз аст. Ин хукм рисолати сирф таърихии бачоовардаи Хдким Саной дар таърихи каломи бадеъ маърифат мешавад, ки мутла;о дар ин ;азоват мухолифоти фикрй манзур намегардад.

«Ин равиш, ки Саной дар шеър пай гирифт, - менависад. З. Сафо, - мабдаи тахаввули бузурге дар шеъри форсй ва яке аз иллали инсирофи шуаро аз умури содаву тавсифоти оддй ва таваччухи онон ба масоили мушкилтар ба ;асди изхори устодиву махорат шудааст» (13, 566).

Хдким Саной дар таърихи адабиёт хамчун падари шеъри тасаввуфй-ирфонй пазируфта шуда бошад хам, у ба эчоди бадеъ аз рохи доираи адабии дарбор омадааст. Аз руйи ишорахои бевоситаи худи адиб, у ;ариб то овони сисолагй шоири дарбор будааст. Ин аст, ки у мамдухони сершумор дорад. Бахусус, Хдким Саной Бахромшохи Fазнавй, падари ин хоким Масъуд ибни Иброхим, Султон Санчар ибни Маликшох, Мухаммадтегини Бугрохон ва чандин тани дигар аз вузарову ;уззот, фа;ехону уламо ва шуарову фузалои дигари ва;тро ситоишу васф кардааст ва аз ин мавзуъ то интихои рузгор даст накашидааст ва хатто дар маснавии «Хдди;а», ки охирин асари Хдким аст, ба ин мавзуъ ру овардааст.

Бинобар ин, хаёту фаъолияти ин устоди сухан ба ду мархала та;сим мешавад: мархалаи аввал - Саной шоири дарбор аст, ки шеъри дунявй сурудааст ва ;аробат ба маддохони дигар, мамдухони гуногунтоифа дорад. Мархалаи дуюми фаъолияти Саноии Fазнавй, ки тавассути тазкияи ;албу тасфияи сар иттифо; афтодааст, у нухба аст. Зеро шеъри хос гуфтааст, каломаш дар давраи дуюм хунаритар аст, ашъори таълимй-ахло;й, шеъри андешамехвару хирадсолорона гуфтааст.

Агар дар мархалаи аввал Хдким Саной танхо дар ;асидаи мадхй касби иштихор дошта, хамчун маддох шинохта шавад, ин мархала дер давом накардааст. Аз тарафи дигар, Саной ба машхуртарин модехон, ситорагони сегонаи доираи адабии Fазнавиён: Хдким Абул;осим Хдсан Унсурии Балхй, Ибни Чулуг Фаррухии Систонй ва Хдким Абуначм Ахмад Манучехрии Домгонй ру овардааст, махсусан, ба ;асоиди Фаррухй бештар таваччух доштааст.

Баъзе муха;;и;он ин мархилаи эчодии шоирро бахши торики эчодиёти Хдким Саной маънидод кардаанд (1, 25), ки наметавон бо ;азовати онхо пурра розй шуд. Зеро профессор Х. Шарифзода дар тад;и;и хеш бо унвони «Функсияи маърифатии ;асида», ки хадаф аз он таъйини арзиши таърихии ;асоиди мадхй ва чилохои хунариву эчодии он аст, доир ба ма;оми ;асида дар адабиёти дарборй ва функсияи маърифатии он тачдиди назар кардааст. Албатта, ин масъала боз хам чустучу мехохад, ки баррасии илмии он фурсати дигар мехохад.

Тозакорихои Хдким Саной дар мархалаи дуюми эчодии у то ба хаддест, ки у мубтакири як адабиёти комилан ноби форс-точик, яъне ирфони хунарй ва ё нигохи хунарй ба ирфони исломй аст. Аз чумла, дар анвои лирикии ;асида, газал, ;итъа, шеъри тасмит, тарчеъоту таркибот, рубоиёт бо манзури дарунмоясозй тозачуихои бунёдй дар хар кадоме аз анвои адабии фав;уззикр кардааст, ки метавон ичмолй ба онхо ишора намуд. «Аввал аз хама Хдким Саной ба газал хидмат карда ва онро тара;;й додааст» (3, 40). Минбаъд ин хидмат вусъат пайдо карда, каломи хунарии нобро руйи хастй овард ва асрхои XII-XIII асрхои тиллоии тасаввуф дониста мешавад. Зеро пас аз Хдким Саной дар ин рох Авхадии Марогй, Аттори Нишопурй, Фахруддини Иро;й, Ч,алолиддини Балхй симохои беназиранд, ки аз мактаби ирфонй-хунарии Хдким Саной бахрахо бардоштаанд.

Тавассути ирфони хунарй у на танхо мачрои каломи адабй- хунарии кухантаърихи форс-точикро тагйири вижа дод, беш аз он дар хамин замина тавъам бо тагйироти бунёдии дарунмояи каломи хунарй як адабиёти беназиру ноберо тархезй кард, ки наздик ба 900-сол боз башариятро ба андеша водор месозад. Дар ха;и;ат, «Саной, бетардид, яке аз бузургтарин шоирони забони форсй ва аз чумлаи гуяндагонест, ки дар тагйири сабки шеъри форсй ва эчодии танаввую тачаддуд дар он муассир буда ва осори у маншаи тахаввулоти шигарф дар сухани гуяндагони баъд аз вай шудааст (13, 565). Аз ин чост, ки тамоми мутахассисони соха ва хосса, муаллифони таъриххои адабиёт, эчодиёти ин симои абар;удрати адабй-хунариро муштамили ду мархала: мархалаи аввал - Хдким Саной - шоири дарбор ва мархалаи дуюм -Хдким Саной - шоири ориф донистаанд.

Ба назари мо, таснифоти мазкур сахех ва илмист, зеро бо во;еияти таърихй комилан созгор аст. Ба ;авли Забехуллох Зафо, «ду сабки сухан ва ду синчи фикрй» чунон аст, ки дар мархалаи аввал у «аз шухиву хазл ва хатто аз овардани калимоти ракик дар сухани устодонаи худ имтиное надошт» (13, 565). Дар мархдлаи дуюми зиндагонии шоир, ки давраи тагйири холу такомули маънавии уст ва дар ин мархала у сайри офо;у анфус карда ва бо бузургтарин бузургони замон дидор дидаву аз эшон бахрахо бардошта, аз ин ру, ашъори у саросар аз масали мазхабй-динй, тасаввуфй-ирфонй ва хикамй-фалсафй иборат будаву аз ин хотир ашъораш на ба хар эчодкоре бидуни шарху тафсир дастрас мешудааст (13, 566).

Умуман, тах;и;у пажухиши рузгору ашъори Хаким Саной дарёфти симои эчодй ва кашфи ;арехаи тозакору навовар, кашфи ин;илоби фикрй ва фуруравй ба ботин ё сирати инсони тафаккурсоз аст, ки инсониятро водор сохтааст, то уро хамчун абар;удрати адабй-хунарй бишиносад ва дар хамин замина хамчун сархал;аи табадуллоти мархалаи нави таърихй -зухури каломи ноби андешасолору хирадмехвар маърифат намояд, ки чунин калом назми тасаввуфй номида мешавад. Табадуллоти фикрию зехнии ин ин;илобгари ботин ба садаи сеюми марохили классикии рушд созгор омадааст, ки то андозае тахкимбахшу та;виятзои равандхои умумибашарии мархалаи классикии рушд маърифат мешавад.

Тах;и;у пажухиши рузгору осори Хаким Саной танхо бар;арорсозии зиндагиномаи илмй ва шохиссозии самтхои мавзуй, тамоюлхои фикрии як тан эчодкори асримиёнагии миллй бошад хам, вобаста ба тахаввулоти бунёдии фикрй, тафаккурсозй, ин;илобгари сиратй ва давронсозии ин мутафаккири эчодкор, чиддитарин масъулият ва ами;тарину пурвусъаттарин омузиш ва мухокимахову ;иёсхо ва дар хамин замина ба ин ва ё он хукми шохис омаданро та;озо мекунад.

То кунун оид ба рузгору осори у ду асари монографй, ки аввалан ба донишманди афгон Халилуллохи Халилй, тахти унвони «Ахвол ва осори Хаким Саной» дигаре бо номи «Хаким и;лими иш;» (15) ба муха;;и;и Холанд Томас Бройн тааллу; дорад. Инчунин, пажухишхои чудогона рочеъ ба а;оиди фалсафии Хаким Саной сомон дода шудааст, ки дар ин чода аввалин тад;и;от оид ба чахонбинии Хаким Саной ба донишманди афгон Сарвари Хумоюн тааллу; дорад ва дуюмин пажухишгар дар ин мавзуъ олими точик, академик К. Олимов (5) аст. Саноишиносон Мударриси Разавй (6) ва Мазохир Мусаффо (7) дар тадвини давовин ва тасхехи ашъори шоир, бар;арор намудани зиндагиномаву баррасии эчодиёти Хаким Саной ранчи вофир бурда, амалхои хайреро сомон додаанд.

Хамин амали хайрро дар кишвари мо академик К. Олимов (5), академик М. Имомзода ва М. Солехов (11) ивдом намудаанд. Сахми донишмандон М. Разавй (6), Моили Хиравй (14), С. Нафисй (12), К. Олимов (5), Шафеии Кадканй (1), М. Мусаффо (7), Шодй Шокирзода (17), З. Мухторй (4) дар пажухиш ва нашри осори Хаким Саной хеле ва хеле назаррас аст. Бахусус, дар Точикистон сахми академик Кароматуллох Олимов дар тад;и;у омузиш ва нашри осори Хаким шоистаи тахсин аст (5). Оид ба осори адабй-хунарии Хаким Саной дар Точикистон ду рисолаи илмии дигар низ руйи кор омадааст, ки яке «Тавсиф дар газалиёти Хаким Саной» буда, онро донишманди хушсали;а Шодй Шокирзода таълиф намудааст (17). Дигаре рисолаи илмии профессор Зайниддин Мухторов тахти унвони «Лексикаи ирфонии газалиёти Саной» аст, ки дар он сахми Хаким Саной дар гановати лугавии забони адабии точик мавриди пажухиш ;арор дода шудааст (4).

Хамин тавр, бо таваччух ба корхои илмии мазкур метавон гуфт, ки барои гузориши илмии масъалаи сахми Хаким Саной дар ташаккули назми тасаввуфй то дарачае заминаи мусоид фарохам омадааст. Халли масъалаи мазкурро тавъам бо хиссагузории Саноии Fазнавй дар тахаввули анвои назми тасаввуфй, ихтирои равиши тафаккурмехварй дар газал, нигохи хунарй ба тасаввуфу ирфон ба миён гузоштан мумкин аст.

Бояд гуфт, ки дар омузиши рузгору осори Хаким Саной сахми муха;;и;он - муаллифони таъриххои адабиёт, чи дар кишвари мо ва чи дар хорич аз он хам назаррас аст. Дар ин рох хиссаи донишмандон Р. Ходизода, Х. Мирзозода, А. Афсахзод, Е.Э. Бертелс, И.С. Брагинский, А.Е. Кримский, Э. Браун, Х. Этте, Ян Рипка, Ш. Нуъмонй, С. Насафй, С. Нисорй, Х. Хумой, З. Сафо. Р. Шафа;, А. Насриддин, А. Сатторзода, С. Мирбо;ирифард, F Шарифй, Х. О;охусайнй, И. Тугёнй, М. Баротй, М. Насри Исфахонй калидй аст, зеро онхо голибан дар асоси ахбори сарчашмахо ва тасди;и ахли тах;и; ба андешаи нисбатан шохис расидаанд. Вале баррасии масъалаи мавриди назари мо дар хеч кадом аз таълифоти мазкур

ма;сади асосй набудааст. Хдлли ин масъала аз ниёзхои илмии замони муосир бармеояд, ки хам аз чихати назарй ва хам амалй дорои ахамият мебошад.

Ба назари мо, барои тах;и;и масъалаи омузиши назми тасаввуфй дар эчодиёти Саноии Fазнавй ва таъйини сахми адиби мазкур дар ташаккули анвои назми тасаввуфй дар даврахои баъдии инкишофи адабиёти тасаввуфй хадафи мехварии бояд фарогири чунин мабохис бошад: шохис сохтани на;ши Саной дар зухуру ташаккул ва марохили рушди ашъори тасаввуфй-ирфонй, каломи андешамехвар, ифодаи хунарй ва бунёдгузориву рушди он дар таърихи адабиёти форс-точик.

ПАЙНАВИШТ:

1. Кадканй, Мухаммадризо Шафей. Дар иклими рушной. Тафсири чанд газал аз Х,аким Саноии Газнавй / Мухаммадризо Шафеии Кадканй. - Техрон : Огох, 1373. - 299 с.
2. Кадканй, Мухаммадризо Шафей. Тозиёнахои сулук. Накду тахлили чанд касида аз Хаким Саной / Мухаммадризо Шафеии Кадканй. - Техрон : Огох, 1372. - 543 с.
3. Мухторов, З. Лексикаи ирфонии газалиёти Саной / З. Мухторов. - Душанбе, 2001. - 127 с.
4. Нуъмонй, Шиблй. Шеъру-л-ачам ё таърихи шуаро ва адабиёти Эрон / Шиблии Нуъмонй : тарчумаи Сайид Мухаммадтакй Фахри Доъии Гелонй ; шомили панч мучаллад, чилдхои аввал ва дувум. - Техрон: Дунёи китоб, 1368. - 564 с.
5. Олимов, К. Мировозрение Санаи / К. Олимов. - Душанбе : Дониш, 1973. - 193 с.
6. Саной, Абулмачд Мачдуд ибни Одам. Девон / Абулмачд Мачдуд Саной : бо саъй ва эхтимоми М. Разавй. - Техрон : Саной, 1354. - 1227 с.
7. Саной, Абулмачд Мачдуд ибни Одам. Девон / Абулмачд Мачдуд Саной : бо пешгуфтори Мазохир Мусаффо. - Техрон, 1336.
8. Саной, Абулмачд Мачдуд ибни Одам. Х,адикат-ул-хакика ва шариат-ул-тарика / Абулмачд Мачдуд ибни Олам Саноии Газнавй : тасхеху тахияи М. Разавй. - Техрон : Донишгох, 1359. - 875 с.
9. Саной, Абулмачд Мачдуд ибни Одам. Маснавихо / Абулмачд Мачдуд Саной. Ба интизоми шархи «Сайр-ул-ибод ила-л-маод»: бо тасхеху мукаддимаи М. Разавй. - Техрон : Донишгох, 1360. - 381 с.
10. Саной, Абулмачд Мачдуд ибни Одам. Х,адикат-ул-хакика ва шариат-ул-тарика / Абулмачд Мачдуд ибни Одам Саноии Газнавй : бо сарсухани К. Олимов. - Душанбе, 2008. - 666 с.
11. Саной, Абулмачд Мачдуд ибни Одам. Рубоиёт / Абулмачд Мачдуд ибни Олам Саноии Газнавй : пешгуфтор ва тахияи матн аз М.С.Имомзода ва М.Солехов. - Душанбе, 2006. - 186 с.
12. Саной, Абулмачд Мачдуд ибни Одам. Сайр-ул-ибод ил-ал-маод / Абулмачд Мачдуд ибни Одам Саноии Fазнавй: бо эхтимоми Саид Нафисй. - Техрон, 1316. - 221 с.
13.Сафо, Забехуллох. Таърихи адабиёт дар Эрон (Ч,илди 2) / Забехулло Сафо. - Техрон : Фирдавс, 1373. - 1460 с.
14.Х,иравй, Моил. «Рисолаи сайри нафс»-и Фахриддини Розй ва «Сайр-ул-ибод ила-л-маод»-и Хаким Саной / Моили Хиравй. - Кобул, 1344. - 289 с.
15. Халилй, Халилуллох. Ахвол ва осори Хаким Саной/Халилуллох Халилй.-Кобул, 1384.- 248 с. 16.Ч,алолиддин Мухаммад. Маснавии маънавй / Ч,. Мухаммад : бо эхтимоми Тавфик X.

Субхонй. - Техрон : Иршоди исломй, 1376. - 1037 с. 17. Шокирзода, Ш. Тавсиф дар газалиёти Хаким Саной /Ш. Шокирзода.- Душанбе, 2000. - 266 с

REFERENCES:

1. Kadkani, Muhammadrizo Shafei. In a Light Climate. Commentary on some Hakim Sanoii Ghazni&s Ghazals / Muhammadrizo Shafei Kadkani. - Tehran: Warn, 1373. - 299 p.
2. Kadkani, Muhammadrizo Shafei. Whiplash. Criticism and analysis beset with some poems belonging to the pen of Hakim Sanoi / Muhammadrizo Shafei Kadkani. - Tehran: Warn, 1372. -543 p.
3. Nu&moni, Shibli. Foreign Poetry or the History Poets and Iranian Literature / Shibli Nu&moni: Translated by Sayid Muhammadtaqi Fakhri Do&ii Geloni; in five volumes. - V.V. 1-2. - Tehran: The World of Books, 1368. - 564 p.
4. Mukhtorov, З. The Epistemological Vocabulary in Sanoi&s Ghazals / Z. Mukhtorov. - Dushanbe, 2001. - 127 p.
5. Olimov, К. Sanoi&s Outlook / K. Olimov. - Dushanbe: Knowledge, 1973. - 193 p.
6. Sanoi, Abulmajd Majdud ibn Adam. Completed Compositions / Abulmajd Majdud Sanoi: under the editorship of M. Razavi. - Tehran: Sanoi, 1354. - 1227 p.
7. Sanoi, Abulmajd Majdud ibn Adam. Completed Compositions/ Abulmajd Majdud Sanoi: the author of introduction: Mazohir Musaffo. - Tehran, 1336.
8. Sanoi, Abulmajd Majdud ibn Adam. Hadiqat-ul-Haqiqa wa Shariat-ul-Tariqa / Abulmajd Majdud ibn Olam Sanoii Ghaznavi: under the editorship of M. Razavi. - Tehran: University,
1359. - 875 p.
9. Sanoi, Abulmajd Majdud ibn Adam. Masnavis / Abulmajd Majdud Sanoi. Commentaries to "Sayr-ul-ibad ila-l-maod": with correction of introduction by M. Razavi. - Tehran: University,
1360. - 381 p.
10.Sanoi, Abulmajd Majdud ibn Adam. Hadiqat-ul-Haqiqa wa Shariat-ul-Tariqa / Abulmajd Majdud ibn Adam Sanoii Ghaznavi: the author of introduction: K. Olimov. - Dushanbe, 2008. -666 p.
11.Sanoi, Abulmajd Majdud ibn Adam. Ruboiyot / Abulmajd Majdud ibn Olam Sanoii Ghazni: introduction and preparation of text by M.S. Imomzoda and M. Solehov. - Dushanbe, 2006. -186 p.
12.Sanoi, Abulmajd Majdud ibni Adam. Sayr-ul-ibod ila-l-maod / Abulmajd Majdud ibni Adam

Sanoii Ghaznavi: under the editorship of Said Nafisi. - Tehran, 1316. - 221 p. 13.Safo, Zabenullah. The History of Literature in Iran (Volume 2) / Zabenhullah Safa. - Tehran: Firdaws, 1373. - 1460 p.

14.Hirawi, Moil. "Risolai Sayri Nasf& by Fakhriddin Rozi and "Sayr-ul-ibod ila-l-maod" by Hakim Sanoi / Moili Hirawi. - Kabul, 1344. - 289 p.
15.Khalili, Khalilullah. Hakim Sanoi&s Lifestyle and Creations / Khalilullah Khalili. - Kabul, 1384. -248 p.
16.&Jaloliddin Muhammad. Masnavii ma&navi / J. Muhammad: under the editorship of Tawfiq H. Subhoni - Tehran: Islamic Guide, 1376. - 1037 p.
17.Shokirzoda, Sh. Depiction in Hakim Sanoi& Ghazal / Sh. Shokirzoda. - Dushanbe, 2000. - 266 p
САНАИ ГАЗНЕВИ ПЕРСИДСКО-ТАДЖИКСКАЯ КЛАССИЧЕСКАЯ ЛИТЕРАТУРА ВОПРОСЫ МЕТОДОЛОГИИ РАЗНОВИДНОСТИ СУФИЙСКОЙ ПОЭЗИИ СТАНОВЛЕНИЕ РАЗВИТИЕ sanoi ghaznavi persian-tajik classical literature methodological issues varieties of sufi poetry
Другие работы в данной теме:
Контакты
Обратная связь
support@uchimsya.com
Учимся
Общая информация
Разделы
Тесты