Спросить
Войти
Категория: Литература

РИФМА И РЕДИФ В ПОЭЗИИ ОЗАРАХША

Автор: Кавизода Аниса

УДК 8И ББК 83.34

ЦОФИЯ ВА Цавизода Аниса, магистранти

РАДИФ ДАР ШЕЪРИ курси аввали МДТ "ДДХ ба номи акад.

ОЗАРАХШ Б^афуров"(Тоцикистон, Хуцанд)

РИФМА И Кавизода Аниса, магистрант первого курса ГОУ РЕДИФ В ПОЭЗИИ "ХГУ имени акад. Б.Гафурова" ОЗАРАХША (Таджикистан, Худжанд)

RHYME AND Kavizoda Anisa, a first-year master&s student

REDIF IN OZARASHSHS of the SEI "KSU named after academician B. Gafurov " POETRY (Tajikistan, Khujand)

E-mail:anisaqavizoda97@gmail.com

Вожа^ои калиди: цофия, радиф, байт, Озарахш, мусщй, ощнг, рави, ридф, таъсис, васл

Дар мацола мавцеи цофия ва радиф дар ашъори Шоири халции Тоцикистон Толиб Карими Озарахш мавриди омузишу барраси царор гирифтааст. Аз руи тащиц маълум мешавад, ки муаллиф нацши цофия ва радифро дар таъмин намудани цанбаи мусиции калом муайян намудааст. Бо овардани мисолцо муаллиф нишон медщад, ки истифода аз цофия ва овардани уарфи рави, ридф, таъсис, васл хуруц, мазид, нишон додани ду се ва чор цофия дар як мисраъ сабаби равонию хушощнгй ва цаззобии шеър гардиданд. Инчунин ба масобаи радиф омадани вожацои такрори ва радифуои мураккаби серцузъ дар газалиёти Озарахш муайян гардидааст, ки шеъри шоирро аз шеъри шоирони дигар тарцеу медщад. Дар хулоса цайд мешавад, ки истифодаи цофия ва радиф дар газалиёти шоир дар баробари вазн ба мусици ва оуанги шеър таъсири амиц гузоштааст.

В статье предметом исследования становится место и роль рифмы и редифа в творчестве Народного поэта Таджикистана Толиба Карима Озарахша. Автор статьи определяет значение рифмы и редифа в музыкальности слова. На примере множества бейтов из творчества поэта автор выявляет рифмы с использованием специфических букв рави, ридф, таъсис, васл, хурудж, мазид, а также двух, трех и четырех рифм в одной строке, способствующие музыкальности и привлекательности поэзии. Выявляется, что использование повтора слов и сложных многокомпонентных редифов в газелях Озарахша отличают его творчество среди других поэтов. Автор статьи приходит к выводу о том, что использование рифмы и редифа в творчестве оказывает особое воздействие как на размер, так и на мелодию, ритм и музыкальность стиха.

The article dwells on the problem beset with the place and role of rhyme and redif in the creations of Public Poet of Tajikistan - Tolib Karim Ozarakhsh. The author of the article determines the meaning of rhyme and redif in the musicality of the word. On the example of many bytes out of the poet&s creation, the author identifies rhymes resorting to the following specific letters, such as ravi, ridf, taisis, wasl huruj, mazid, as well as two, three and four rhymes in one line promoting the musicality and attractiveness of poetry. It is revealed that the usage of repetition of words and complex multicomponent of redifs in Ozarashsh^s gazels distinguishes his work among other poets. To sum it up, the author of the article comes to the conclusion that resorting to rhyme and redif in creativity has a special effect in both the size and melody, rhythm and musicality of the verse, upon the whole.

Кофия ва радиф яке аз унсурхои мухими шеърофаринй буда, барои хушохангии калом на;ши муассир доранд. Аз ин чихат дар эчоди шеъри ма;булу матбуъ донишмандон истифодаи ;офияву радифро шарти хатмй медонанд. Чунончй Шамси Кдйси Розй мегуяд: "...сухани бе;офияро шеър нашмаранд, агарчи мавзун афтад"(6, 162). Муаллифи китоби "Муси;ии шеър" Мухаммадризо Шафеии Кадканй на;ши ;офияро дар сохтори шеър чунин дастабандй намудааст:

1. Таъсири муси;ой
2. Ташхисе, ки ;офия ба калимоти хоси хар шеър мебахшад
3. Лаззате, ки ;офия аз бароварда шудани як интизор ба вучуд меоварад
4. Зебоии маънавй ё танаввуъ дар айни вахдат
5. Танзими фикру эхсос
6. Истехкоми шеър
7. Кумак ба хофиза ва вусъати инти;ол
8. Эчоди вахдати шакл дар шеър
9. Чудо кардан ва ташхиси мисраъхо
10. Кумак ба тадоми маонй
11. Таваччух додан ба зебоии зотии калимот
12. Таносуб ва ;аринасозй
13. Эчоди ;олаби мушаххас ва хифзи вахдат
14. Тавсеаи тасвирхо ва маонй
15. Ил;ои мафхум аз руи оханги калимот

Бахром Сирус дар китоби "Назарияи нави ;офиябандй дар назми точик" мегуяд: "Ба фикри ман агар мо аз 13 вазифаи барои ;офия зикр кардаи о;ои Шафей, 12 вазифаро ба як су монда, фа;ат вазифаи якумини онро (яъне чанбаи муси^й доштани ;офияро) дар шеър ба эътибор гирем, он гох то чй дарача ахамият доштани ;офия дар шеър ба мо равшан мегардад"(7, 5).

Радиф низ яке аз шаклхои дигари муси;ии калом аст, ки барои такмили ;офия ба кор бурда мешавад. Ин аст, ки ;офиву радиф дар шеъри шоирон бо чилвахои гуногун истифода гардидаанд. Дар ин навиштаи мухтасар тасмим гирифтем, ки на;ши ;офия ва радифро дар шеъри Озарахш муайян намоем.

Кофия аз калимаи арабй гирифта шуда, маънояш пушти сар, охири хар чизе аст. Дар илми адабиётшиносй калимахои хамшакл ё хамохангеро гуянд, ки пеш аз радиф омада вазн ва охангнокии шеърро муайян месозад. Дар ашъори Озарахш ;офияхои зиёде ба назар мерасанд, ки сабаби равонию хушохангй ва чаззобии шеър гардидаанд: То як тарона хаст,цавонй намеравад, Як ошицона хаст, цавонй намеравад Бахри ниёз бурдану хамроз ёфтан, То як бахона хаст, цавонй намеравад (4,97). Дар ин газал калимахои "тарона", "оши;она","бахона", "чагона", "мехрдона", "нишона", "дидорхона", "чавона" ба хам ;офия шуда, бо радифи "чавонй намеравад" шеърро боз хам хушоханг намудааст.

Аз Худое, ки маро дод, туро ёфтаам, Аз бахоре, ки маро зод, туро ёфтаам(4,168). Дар байти мазкур "дод" ва "зод" калимахои хам;офия мебошанд. Дар истилохи илми ;офия охирин харфи аслии ;офияро харфи "равй" мегуянд. Монанди харфи "д" дар "дод" ва "зод". Ба андешаи адабиётшинос Матлубаи Мирзоюнус "дар шеър савтиётро беш аз хама ;офия таъмин мекунад ва калиди аслии мусщии шеър дар як ё ду харфи мухимтарини ;офия аст"(5, 21). Пас, асосу бунёди ;офия харфи равй аст. Илова бар ин харфхои пеш аз равй ва баъди он низ дар якчоягй харфхои ;офияро ташкил медиханд. Чунончй Абдуррахмони Ч,омй дар "Рисолаи ;офия" мегуяд: Равиву ридфу дигар цайду баъд аз он таъсис, Дахилу васлу хуруцу мазиду ноира дон (11, 142). Аз ин нух харфи ;офия таъсису ;айду дахилу ридф пеш аз харфи равй ва васлу хуручу мазиду ноира баъди харфи равй меоянд. Хдрфи пеш аз равиро харфи таъсис мегуянд, ки намунаи онро дар мисоли зер муайян менамоем:

Биё, Навруз бар кошонаи мо офтоб овард, Ба шоми интизоронаш чарогимохтоб овард(4,68) "Офтоб" ва "мохтоб"калимахои хам;офия "б" дар калимаи "офтоб" ва "мохтоб" харфи равй "о" дар калимаи "офтоб" ва "мохтоб" харфи таъсис "овард" радиф

Дахил хамсадоест, ки дар байни таъсис ва равй омада бошад. Мисол: Fазале зи гул сароям ба нишонаи бщорон, Ба ту рози дил бигеям ба бахонаи бахорон(4,190).

"Нишона" ва "бахона" калимахои хам;офия "а" дар калимаи "нишона" ва "бахона" харфи равй "о" дар калимаи "нишона" ва "бахона" харфи таъсис "н" дар калимаи "нишона" ва "бахона" харфи дахил "бахорон" радиф

Ридф яке аз харфхои решагии ;офия, ки аз садонокхои дарози "о", "у","у","и" ва "е" ба вазифаи ридф омада метавонанд. Масалан, дар ;офияхои "гуш" ва "нуш" садоноки "у" ридф аст.

Храмин холо, наворо геш кун, дигар Худо хофиз! Нафасхои хаворо неш кун, дигар Худо хофиз!(4,127)

Хдрфи ;айд низ аз харфхои решагии ;офия буда, пеш аз харфи равй меояд. Мисол, дар ;офияхои "ранг" ва "оханг" хамсадои "н" ;айд аст.

Девона машав, эй дил, ин умр хамин ранг аст, Як лахза танинаш шод, як лахза гамоханг аст(4,34) "Ранг" ва "оханг" - калимахои хам;офия Хдмсадои "г" дар калимаи "ранг" ва "оханг" харфи равй, "аст" радиф Хдрфи васл аввалин харфи пас аз равй буда, фа;ат хамсадохо, садонокхои дароз ва харфхои ётбарсаррро чун васл истифода бурдан мумкин аст. Мисол: Шакарнаме ба боги шаб зи шабнаме намерасад, Сафои хамдаме даме ба хамдаме намерасад (4, 80). "шабнам" ва "хамдам" калимахои хам;офия "м" дар калимаи "шабнам" ва "хамдам" харфи равй "е" дар калимаи "шабнаме" ва "хамдаме" харфи васл "намерасид" радиф

Ё дар мисоли дигар садоноки "а" дар калимахои хам;офияи "аз тан хоста" ва "рафтанхоста" харфи васлро ташкил медиханд.

Эй цони аз тан хоста, то омадан, то омадан! Мехмонирафтанхоста, то омадан, то омадан!(4,192) Бо хамин тартиб харфи хуруч ба харфи васл мепайвандад, харфи мазид ба харфи хуруч мепайвандад ва харфи ноира ба харфи мазид мепайвандад ва пас аз он меояд. Намунаи ин хуруфро дар байти зер муайян мекунем:

Лаб ба лаб розем, аммо лаб ба лаб, Му ба му созем, аммо лаб ба лаб(4,17). "Розем" ва "созем" калимаи хам;офия "з" дар калимаи "роз" ва "соз" харфи равй "о" дар калимаи "роз" ва "соз" харфи ;айд "е" дар калимаи "розем" ва "созем" харфи васл "м" дар калимаи "розем" ва "созем" харфи хуруч "аммо лаб ба лаб" радиф

Дар ашъори Озарахш баъзан ду калима ба хам ;офия мешаванд, ки ин шакли ;офияро зу;офиятайн меноманд:

Дил ба мехри зиндаги мони, намони, меравад, Рафтанашро аз барат дони, надони, меравад, Давр хохад гашт ин гардункухан бо макри нав, Даври худро з-инмиён рони, нарони, меравад!(4,96) Дар ин абёт шоир ;офияхои дохилии зеборо истифода кардааст, ки иборахои "монй, намонй", "донй, надонй", "ронй, наронй", "бонй, набонй", "тонй, натонй" ва "хонй, нахонй" хеле зебо ба назар мерасанд. Дар газали зер низ ;офияхои дарунии мисраъхо пурра риоя шуда, чанбаи муси;оии газал пуртаъсир гардидааст.

Бомхо пасту баланд афтода дидам, бом-бом, Номхо пешу цафо истода дидам, ном-ном, Хец кас аз сарнавишти хеш берун по намонд, Хар сареро бар сари як цода дидам, гом-гом, Озарахш, аз лофхои ломгуён гам махур, Дафтари шеъри туро бикшода дидам, лом-лом...(4,140) Калимахои ;офияи якум "афтода", "истода", "якчода", "бебода", "гамзода", "бикшода" ва калимахои ;офияхои дуюм калимахои такрории "бом-бом", "ном-ном", "гом-гом", "дом-дом", "чом- чом", "комком", "хом-хом", "лом-лом" - ро ташкил медиханд. Инчунин дар газали мазкур баъди гурухи калимахои хам;офия феъли "дидам" дар хар як байт такроран омадааст, ки инро дар истилохи илми ;офия хочиб меноманд. "Дар илми ;офия калима ва иборахоеро гуянд, ки дар байни ду ;офия ё пеш аз ду ;офияи шеър такроран оварда шудаанд"(9, 89 ).

Ман агар хор шавам, хори гулам, Агарам зор шавам, зори гулам(4,159).

Дар байти мазкур такрори ;офияхои дохилии "хор"-у "зор" бо калимаи хочиб- "шавам" охангнокии мисраъхоро таъмин намудаанд.

Гохо чунин ба назар мерасад, ки шоир дар хар мисраи шеър дар ду чо ва хатто зиёдтар аз ду чо ба хам ;офия меоварад:

Табъи ту безиё бувад айби дилу тарона чист?

Х,арф, ки бесафо бувад, фалсафаву фасона чист?(4,49) ***

Дуруди ишц ба номат, ба номи ширинат!

Сафои меур ба комат, ба коми ширинат!(4,18) ***

Цатра баури цатра аз дарё хикоят мекунад,

Зарра пеши зарра аз дунё ривоят мекунад(4,95). ***

Сухан ба бод мебарад лаби суханфурушро, Чаман ба дор мекашад гули чаманфурушро (4,10).

Дар ду байти охирин шоир дар хар як мисраъ 4 ;офия овардааст.

Истифодаи радиф дар шеъри Озарахш яке аз унсурхои фар;кунандаи шеъри у мебошад. Дар хусуси на;ши радиф дар таъмини муси;ии шеъри форсй Шафеии Кадканй гуфтааст, ки "радиф шакли дигаре аз муси;иёти шеър аст, ки дар ха;и;ат такмили муси;ии ;офия аст ё шакли ганитаршудаи ;офияхост"(1, 7).

Муха;;и; Ш.Шарипов доир ба хунари радифсозии Озарахш тах;и;оти судманд анчом дода, хунари радифсозии уро чунин бозгу менамояд: "Озарахш шоири тавоно ва хунармандест, ки дар радифсозии газал аз худ санъати баланди шоирй нишон дода, бо сохтани радифхои нодире ноил омадааст, ки назири онхоро дар адабиёти муосир ва то он чое, ки иттилоъ дорем, дар адабиёти классик низ пайдо кардан гайриимкон аст"(11,10). Аз тарона то тарона,ёфтам танхо туро, Хрм тарона бе тарона, ёфтам танхо туро(3,11).

Дар ин байт радиф ибораи "ёфтам танхо туро" буда, калимахои мисраи аввал ва дуюм бо хам ба таври мутавозй омадаанд, ки ин санъати тарсеъ аст. Навъи дигари радифхои офаридаи шоир такрори як вожа аст, ки дар ашъори у ба касрат дучор мешавад ва намунаи барчастаи ин навъи радифхо дар газали зерин ба мушохида мерасад:

Ба богхо дилу цон бастаам дарахт- дарахт, Дар интизори ту биншастаам дарахт- дарахт. Паёми омаданатро насими варз- вазид, Ба набз- набзи ту пайвастаам дарахт -дарахт(4.24).

Вожахои "дарахт-дарахт"радифхои такрории байт ба хисоб мераванд. Дар газали дигар низ чунин ;олаб ба назар мерасад, ки дар таркиби худ санъати тачнис дорад: Тирамохи ман, ки мерезад ба рохам барг- барг, Меканад аз дафтари шому сабохам барг- барг (4.136).

Ин чо низ радифи такрор "барг-барг"ба кор омадааст. Озарахш мегуяд, ки бо баробари зард гаштан ва рехтани баргхои дарахтон барги умр, яъне соле аз хаёти инсон кам гашта, бахори умр охиста-охиста хазон мегардад. Яъне дар ин байт фалсафаи хаёт инъикос шудааст. Вожаи "барг" дар ин байт тачнис буда, яке ба маънои худи барг ва дигаре ба маънои умри одамй омадааст. Ё дар байти сонй радифи такрории "гиря-гиря, ашк-ашк" бо ;офияи "хуморй" ва "борй" чанбаи муси;ии каломро та;вият бахшидаанд: Резаборони хумори, гиря - гиря, ашк-ашк, Бар сару бар дида бори, гиря-гиря, ашк-ашк(3,134).

Яке аз унсурхои фар;кунандаи каломи Озарахш аз дигар шоирон истифода аз радифхои мураккаб аст, ки дар ашъори шоир метавон зиёд пайдо намуд: То диле меёбаму мецуяму гум мекунам, Манзиле меёбаму муцуяму гум мекунам (4.162).

Цудо гаштам зи домонат,панохат бар Худо,модар,

Худо бошад нигахбанат,панохат бар Худо бодо(4,119).

Ало садбарги лабхандон, мухаббат чист, медони? Шукуфон бош садчандон, мухаббат чист, медони?(4.243)

Храмин тари;, шоир радифхои мураккабро бо охангхои бисёр истифода кардааст: фа;ат туй, фа;ат туй; то ту мерасам ё на; аз мо салом, аз мо салом; пеши даргохи Худо; эй ёр, ба ёдат хаст; ёрон муборак бод иш;; аммо надонам, иш; чист?; аввал туй, охир туй; омаданат ба чони ман; аз номи хар гул дар забон; дигар Худо хофиз; субхат хушу шомат ба хайр; бо ман гиря кард, эй ёр ба ёдат хаст; чунон маст,чунон девона; пазироят набошад не; фа;ат ту дорй ва монанди инхо.

Бо баробари истифодаи радифхои мураккаби серчузъа боз навъхои гайриодии радиф ба чашм мерасанд.

Дилатро гарци гул бикшодаи, аммо...вале...лекин, Каломе пушти лаб бинходаи, аммо...вале...лекин. Ба сад розу ба сад шева, ба саднозу ба сал цилва, Садое дар сукуте зодаи, аммо...вале...лекин(4.205).

Хамин тари;, аз баррасихои боло метавон ба чунин натичахо расид:

1.Толиб Карими Озарахш хамчун шоири навчу тавонистааст аз ;офияву радифхои гайримаъмул истифода намуда, ашъори худро тавъам бо муси;ии гушнавозе эчод намояд.
2.Озарахш дар корбурди ;офия анъанаи классикиро давом дода, дар ашъори худ ;офияхои матлуберо ба кор бурдааст, ки аз чихати хушохангии калом ва тарзи баён зебову шунаво аст.
3.Дар газалиёти шоир радиф чойгохи махсус дошта, дар баробари вазн ба муси;й ва оханги шеър таъсири ами; гузоштааст.
4. Мо дар ин навишта ;офия ва радифро танхо аз нигохи муси;й баррасй намудем ва тах;и;и дигар чанбахо хануз дар пеш аст.

ПАЙНАВИШТ:

1. Fаффорова, З. Озарахше дар рахи шеъри тозарахш / Замира Fаффорова // Адабиёт ва санъат. -№45.- 10-уми марти соли 2016. -С.12.
2. Кадканй, Мухаммадризо Шафей. Муси;ии шеър / Мухаммадризо Шафеии Кадканй. -Техрон: Огах, 1373, -679с.
3. Нарзи;ул, Мисбохиддин. Ч,илвахои хунарии ;офия ва радиф дар шеър / Мисбохиддин Нарзи;ул // Номаи донишгох, 2019, №1. -С. 70-78.
4. Озарахш. Девони иш; [Матн: газал]. - Хучанд: Ношир, 2016. -257 (кириллй)+ 257(форсй) с.
5. Партаве аз чони пок (мачмуаи ма;олахо). -Хучанд: Нашриёти давлатии ба номи Рахим Чалил, 1996.- 101с.
6. Розй Шамс Кайс. Ал- муъчам (муаллифи сарсухану тавзехот ва хозиркунандаи чоп Урватулло Тоиров) / Шамси Кайси Розй.- Душанбе: Адиб, 1991- 464с.
7. Сирус, Б. Назарияи нави ;офиябандй дар назми точик/Б. Сирус.-Душанбе: Ирфон, 1972.-48с.
8. Тоиров, У. Фарханги истилохоти ;офия / Урватулло Тоиров.- Душанбе: Маориф, 1997 - 152с.
9. Тура;ул, Зехнй. Санъати сухан / Зехнй Тура;ул. - Душанбе: Адиб, 2007. - 400с.
10. Хакимова, С. Шеър, хунар ва ичтимоъ / Сурайё Хакимова. - Хучанд: Ношир, 2018. - 336с.
11. Ч,омй, А. Осор: Иборат аз хашт чилд: чилди 8("Нафахот-ал-унс", "Рисолаи ;офия", "Рисолаи аруз", "Рисолаи муси;й", "Шархи рубоиёт", "Номахо" ).Мураттибон: А. Зухуриддинов, А. Мухаммадиев, А. Рахмонов.- Душанбе: Адиб, 1990. -962с.
12. Шарипов, Ш. Вижагии газалиёти Озарахш ва хунари радифсозии у/ Ш. Шарипов // Номаи донишгох , 2016, № 4 .- С. 94- 102.

REFERENCES:

1. Gafforova, Z. Loyalty to Ozarakhsh&s Poetry / Z.Gafforova // Literature and Art. №45, March 10, 2016. -P.12.
2. Muhammad Shafei. Musical Verse / Muhammad Shafei Kadani. - Tehran: News, 1373, - 679 p.
3. Narzikul, Misbohiddin. Artistic and Radical Art in Poetry / Misbohaddin Narzarul // Scientific Notes. Series of Humanity and Social Sciences, 2019, №1. - P. 70 - 78.
5. Ozarakhsh. The Wall of Love [Text of ghazal]. - Khujand: Publisher, 2016. - 257 (Cyrillic) + 257 (Persian) p.
6. A Piece of Closed Shots (collection of articles). - Khujand: Rahim Jalil, 1996. - 101 p.
7. Rozi Shams Kays. Al-mujam (author of the text and preparation by Urvatullo Toirov) / Shamsi Kaysi Rozi. - Dushanbe: Man-of-Letters, 1991. - 464 p.
8. Syrus, B. New Theory of Rhyming in the Tajik Language / B. Syrus. - Dushanbe: Cognition, 1972. - 48 p.
9. Toirov, U. The Dictionary of Rhyme Terms/Urvatullo Toirov.-Dushanbe: Education, 1997-152 p.
10.Torakul, Zehni. Art of Speech. - Dushanbe: Man-of-Letters, 2007. - 400 p.
11.Hakimova, S.S. Poem, Mastership and Talent / S.Hakimova. -Khujand: Publisher, 2018. - 336 p.
12.Jomi, A.. Literary Productions: in eight volumes ("Nafata al-Ele", "The Rhyme", "The Haram Risk", "The Musical Dissertation", "The Royalty", "The Name"). Zu Tohiddinov, A. Muhammadiyev, A. Rahmonov. — Dushanbe: Man-of-Letters, 1990. - 962 p.
13.Sharipov, Sh. Peculiarities of Ozarakhsh&s Gazels and his Rhyming Mastership/ Sh. Sharipov // Scientific Notes. Series of Humanity and Social Sciences, 2016, No. 4. - P. 94- 102.
РИФМА РЕДИФ БЕЙТ ОЗАРАХШ МУЗЫКА МОТИВ РАВИ РИДФ ТАЪСИС ВАСЛ
Другие работы в данной теме:
Контакты
Обратная связь
support@uchimsya.com
Учимся
Общая информация
Разделы
Тесты