Спросить
Войти
Категория: Литература

НЕКОТОРЫЕ ШТРИХИ ОБ ОДНОМ ЛИТЕРАТУРНОМ ОТВЕТЕ МАВЛЯНА К ГАЗЕЛИ САНОИ

Автор: Таджибоев Шарифджон Гайбуллоевич

УДК8Т1 ББК83.3(0)9Т

СУХАНЕ ЧАНДДАР БОРАИЯК Тоцибоев ШарифцонFайбуллоевич, н.и.ф.,дотсенти

ЦАВОБИЯИ МАВЛОНО кафедраи адабиёти классикии тоцики МДТ "ДДХ ба

БАР FАЗ АЛИ САНОЙ номи акад.Б.Fафуров" (Тоцикистон, Хуцанд)

НЕКОТОРЫЕ ШТИРХИ ОБ Таджибоев Шарифджон Гайбуллоевич, кандидат

ОДНОМ ЛИТЕРАТУРНОМ филологических наук, доцент кафедры таджикской

ОТВЕТЕ МАВЛЯНА классической литературы ГОУ "ХГУ имени академика

К ГАЗЕЛИ САНОИ Б.Гафурова"(Таджикистан, Худжанд)

SOME TOUCHES Tojiboev Sharifjon Gaibulloevich, candidate of philological CONCERNED WITH ONE sciences, Associate Professor of the department of Tajik

LITERARY ANSWER classic literature under the SEI "KhSU named after

OF MAVLONO TO SANOIS academician B.Gafurov "(Tajikistan, Khujand),

GHAZAL E-mail: tsharif@mail.ru

Вожа^ои калиди: Санои, Руми, газал, цавобия, девон, татаббуъ, таъсирпазири

Мацола ба баррасии цавобияи Мавлоно Цалолуддини Руми ба як газали Саноии Fазнавй ихтисос ёфтааст. Цайд мешавад, ки Мавлоно ба шахсият ва эцодиёти Санои таваццууи калон дошта, дар осораш аз у боруо ёд намудааст. Тазаккур меравад, ки Мавлоно газали "Маъшуца ба сомон шуд то бод чунин бод"-и Саноиро мавриди истицбол царор дода, матлаи газали Саноиро бо каме тагйирот истифода намуда, газали цавобия гуфтааст.Дар мацола газали Мавлоно Руми бо сармашци он аз нигоуи вазн, адади абёт, корбурди саноеи адаби, истифодаи цофия ва аносири он мавриди татбицу циёси щмацониба царор гирифтааст. Хулоса мешавад, ки тащици татбиции ашъори Санои ва Мавлави дар рунамоии масоили пайванди маънавию эцодии ин ду суханвар мусоидат намуда, баррасщои амицу доманадорро талаб менамояд.

Статья посвящена рассмотрению вопроса литературного ответа(джавабия) Мавляна Джалолуддини Руми на газель Санаи Газнави. Отмечается, что Мавляна проявлял большой интерес к личности и творчеству Санаи, о чем свидетельствует упоминание о нем в работах поэта. Упоминается, что источником вдохновения для Мавляна послужило первое полустишие (матлаъ) газели Санаи «Маъшука ба сомон шуд, то бод чунин бод» ("Возлюбленная стала сговорчивей, пусть будет так всегда"), на которое он написал литературный ответ, используя первый бейт газели с некоторыми изменениями. Сравнивается сходство и различие подражательной газели Мавляна Руми с газелью Санаи Газнави. Делается вывод о том, что сравнительное изучение газели Санаи и Мавлави поможет в решении проблем творческой и духовной связи этих двух суфийских поэтов и требует углубленного рассмотрения.

The article under consideration dwells on the issue beset with the literary answer (javabiya) of Mavlono Jaloluddini Rumi to Sanoi Ghaznavis ghazals. It is underscored that Mavlono showed great interest in Sanois personality and literary productions, as a testimony of himself in the works belonging to the pen of the poet. It is established that the source of inspiration for Mavlono was considered to be the first hemistich (matla) of Sanois ghazal entitled "Mashuka ba somon shud, to bod chunin bod" in which he wrote a literary answer resorting to the first byte of the ghazal with some changes. Similarities and differences between Mavlono Rumis imitative ghazals and Sanoi Ghaznavis ones are compared in the article by the author. It is concluded that the comparative study in regard to Sanoi and Mavlavis ghazals will help in solving the problems beset with creative and spiritual connection of these two Sufi poets and requires a profoundly consideration, on the whole.

Хдким Саноии Fa3HaBfl аз шоирони бузурги газалсаро буда, дар девони ашъораш газал макоми махсусро ишгол менамояд.Таъсири газалиёти Саноиро такрибан дар ашъори бисёр шоирони маъруфи форсу точик мушохдда намудан мумкин аст. Рочеъ ба таъсири газалиёти Саной ба ашъори Сузании Самаркандй, Анварии Абевардй, Хокони Шарвонй, Низомии Ганчавй ва Саъдй Шерозй баъзе кайду ишорах,о дар адабиётшиносии мо мавчуданд(8,10-11). Вале дар хусуси иртиботи эчодиёти Саноиву Румй, хоса бар газали какими Fазнавй чавобия гуфтани Мавлавй, то

он чое, ки ба мо маълум шуд, сухане ба миён наомадааст. Аз ин вачх мо мехохем дар ин навишта перомуни як газали чавобияи Мавлоно бар газали Саной тавак;уф намуда, дар ин замина оид ба пайванди эчодии ин ду орифи суханвар мухтасар изгори назар намоем.

Аз баррасии ашъори Мавлоно Ч,алолуддини Румй маълум мешавад, ки у ба шахсият ва ашъори Хдким Саноии Fазнавй таваччухд хос доштааст. Аз ин ру, Мавлоно Румй дар ашъори хеш исми Саноиро бо мухаббат ва сид; мукарраран зикр намудааст. Дар "Девони кабир" Мавлоно вобаста ба кайфияти рухонй ва та;озои маънй беш аз дах маротиба дар газалхои шумораи 24, 60, 61, 82, 824, 996, 1007, 1038[2 маротиба], 1244, 1974(3; 4) , 2199, 2733(11) исми Саноиро овардааст, ки худ намоёнгари ихлоси комили суханвар ба орову андеша ва шахсияту шеъри какими Fазнавист.Чунончй:

Цоне, ки ру ин су кунад, бо Боязид у ху кунад, Ё дар Саной ру кунад, ё бу дихад Атторро.

Агар Аттор ошиц буд, Саной шоху фоиц буд, На инам ман, на онам ман, ки гум кардам сару поро!

Гуфт касе: "- Хоца Саной бимурд", Марги чунин хоца на корест хурд.

(3, 681)

Ай Саной, гар наёбй ёр, ёри хеш бош,

Дар цахон хар марду коре, мардикори хеш бош.

(4, 158)

Эй Саной, ошицонро дард бояд, дард ку, Бори цаври некувонро мард бояд, мард ку

Чдлолуддини Румй дар "Маснавии маънавй" низ аз ашъори Саной чанд маротиба ёд намуда, уро манзур аз "хдкими пардай" гуфтааст ва шорехони маснавй бар онанд, ки "хдкими пардай" Хдким Саноист:

Бишнав алфози хакими пардай: Сар хамон цо нех, ки бода х(в) ардай. Чунки аз майхона масте зол шуд, Тасхару бозичаи атфол шуд.

(1, 103)

Мавлоно дар абёти дигари маснавй Саноиро бо унвони "хакими Fазнавй", "хакими гайб" ва "фахрулорифин"зикр менамояд ва аз "Хдди;ат-ул-хак;ик;ат"["Илохинома"]-и у, ки мухаррики Чдлолуддини Румй дар эчоди «Маснавии маънавй»-ст(10) дар шархи матолиби ирфонй ва баёни масоили таълимиву ахло;й суд мечуяд : Туркцушаш шарх кардам нимхом, Аз хакими Fазнавй бишнав тамом. Дар «Илохинома» гуяд шархи ин, Ин хакими гайбу фахрулорифин...

(1, 311)

Хднгоми мутолиаи "Девони кабир"-и Чдлолуддини Румй бо газале дучор шудем, ки шабехи онро бо хамин матлаъ, ;офия ва радиф, вале каме бо вазни дигар ;аблан дар "Девони ашъор"-и Хдким Саной" хонда будем. Ин хамон газали машхури Мавлоно Румист, ки бо ;ироати он дилу дидаи мо нуру сафо мегирад ва дар вучуди мо ошубу чахиши тозае ба зухур меояд:

Маъшуца ба сомон шуд, то бод, чунин бодо, Куфраш хама имон шуд, то бод, чунин бодо. Мулке, ки парешон шуд, аз шумии шайтон шуд, Боз они Сулаймон шуд, то бод, чунин бодо. Ёре, ки дилам хастй, дар бар рухи мо бастй, Fамхораи ёрон шуд, то бод, чунин бодо. Хрм бода цудо х(в)ардй, хам айш цудо кардй, Нак сардехи мехмон шуд, то бод, чунин бодо. З-он талъати шохона, з-он машъалаи хона,

Хар гуша чу майдон шуд, то бод, чунин бодо. З-он хашми дуругинаш, з-он шеваи ширинаш, Олам шакаристон шуд, то бод, чунин бодо. Шаб рафт, сабух омад, гам рафту футух омад, Хуршед дурахшон шуд, то бод, чунин бодо. Аз давлати махзунон в-аз химмати мацнунон, Он силсила цунбон шуд, то бод, чунин бодо. Ид омаду ид омад, ёре, ки рамид омад, Идона фаровон шуд, то бод, чунин бодо. Ай мутриби сохибдил, дар зер макун манзил, К-он Зухра ба мизон шуд, то бод, чунин бодо. Дарвеш Фаридун шуд, хамкисаи Цорун шуд, Хамкосаи султон шуд, то бод, чунин бодо. Он боди хаворо бин, з-афсуни лаби ширин Бо ной дар афгон шуд, то бод, чунин бодо. Фиръавн бад-ин сахти, бо он хама бадбахти, Нак Мусии Имрон шуд, то бод, чунин бодо. Он гург бад-он зишти, бо цахлу фаромушти, Нак Юсуфи Канъон шуд, то бод, чунин бодо. Шамсущаци Табрези азбааски даромези, Табрез Хуросон шуд, то бод, чунин бодо. Аз "алсама шайтони" шуд нафси ту раббони, Иблис мусалмон шуд, то бод, чунин бодо. Он мох чу тобон шуд, кавнайн гулистон шуд, Ашхос хама цон шуд, то бод чунин бодо. Бар рух барафзуди, то буд чунин буди, Фарри ту фурузон шуд, то бод, чунин бодо. Цахраш хама рахмат шуд, захраш хама шарбат шуд, Абраш шакарафшон шуд, то бод, чунин бодо. Аз кох чи ранг асташ в-аз шох чи танг асташ, Ин гов чу цурбон шуд, то бод, чунин бодо. Арзи чу самой шуд, мацсуди Санои шуд, Ин буд хама, он шуд, то бод, чунин бодо. Хомуш, ки сармастам, барбаст касе дастам, Андеша парешон шуд, то бод, чунин бодо(3,79-80) Fазали Саной, ки сармашки газали шурангези Мавлавй будааст, чунин аст: Маъшуца ба сомон шуд, то бод, чунин бод, Куфраш хама имон шуд, то бод, чунин бод. З-он лаб, ки хаме захр фишонди ба такаббур, Акнун шакарафшон шуд, то бод, чунин бод. Он гамза, ки бад буди бо муддаии суст, Имруз батар з-он шуд, то бод, чунин бод. Цахраш хама рахмат шуд, захраш хама шарбат шуд, Абраш шакарафшон шуд, то бод, чунин бодо. Хосид, ки чу доман-ш бибусид хаме пой , Бе сар чу гиребон шуд, то бод, чунин бод. Наъле, ки бияндохт хаме маркабаш аз пой, Тоци сари султон шуд, то бод чунин бод. Пайдош цафо буд, пинхон-ш латофат, Пайдо-ш чу пинхон шуд, то бод, чунин бод. Чун гул хама тан буд, то бод чунин бод, Чун бода хама цон шуд, то бод чунин бод. Деве, ки бар он куфр хаме дошт мар уро, Он дев мусалмон шуд, то бод, чунин бод. То лоцарам аз шукр саное, чу Санои, Машхури Хуросон шуд, то бод, чунин бод (6, 258).

Аз матлаъ, вазну радиф ва ;офияхои газали Мавлоно сарехан маълум мегардад, ки газали фав;й дар татаббуи газали Саной сароида шудааст.Бар замми ин дар байти бисту якуми газал Мавлоно ишораи малехе бар он менамояд, ки шеъри у дар заминаи газали Саной ба миён омадааст:

Арзй чу самой шуд, мацсуди Саной шуд, Ин буд хама, он шуд, то бод, чунин бодо.

Зикри ин нукта чоиз аст, ки матлаи газали Саной "Маъшу;а ба сомон шуд то бод чунин бод..." аст, аммо Мавлоно онро дар шакли "Маъшу;а ба сомон шуд то бод чунин бодо" истифода намудааст.Ин чо суоле пеш меояд, ки чаро Мавлоно матлаи газали Саноиро бо каме тагйир истифода намудааст? Аз тахдщоти то имруз ба анчомрасида, маълум мешавад, ки Мавлавй газали мазкури Саноиро дар шакли "Маьшук;а ба сомон шуд, то бод чунин бодо" дучор шуда, онро на аз девони ашъори Саной, балки аз маьхази дигар хонда будааст.Дар ин бора ;айдхои Мухаммад Амини Риёхй чолиб ба назар мерасанд. Вай менависад, ки нахусбайти газали Саной, ки Мавлавй ба он чавобия гуфта, дар "Мирсод-ул-ибод"-и Начмиддини Розй дар хамон шакле, ки Мавлавй овардааст "Маъшу;а ба сомон шуд, то бод, чунин бодо" омадааст. Ин мухак;ик; бар он назар аст, ки Мавлавй хангоми навиштани чавобия ба хамин шакли дар асари Начмиддини Розй и;тибосгардида назар дошт, на ба девони Саной( 2, 68). Адабпажухи точик Р.А.Соди;ова, ки руи арзишхои адабиву бадеии "Мирсод-ул-ибод"-и Начмиддини Розй тах;и;от анчом додааст, низ ин а;идаи Раёхиро чонибдорй намудааст(9, 79). Ба андешаи инчониб баьид ба назар мерасад, ки Мавлавй газали Саноиро на аз девон, балки аз сарчашмаи дигар истифода карда бошад, зеро дар замони зиндагии Мавлавй девони ашъори Саной шухрат ёфта буд ва ишорахое, ки Мавлавй дар ашъораш ба Саной мекунад, гувох бар ин аст. Зохиран, чун аксар газалхои Мавлавй дар мачлиси вазьу само бадохатан гуфта мешаванд, ин газали чавобия низ дар хамин хоолати рухониву равонй гуфта шудааст. Ба ин хотир, чун газал бадоха аст, дар чунин шакл ба хотир овардани мисраи газали Саной аз эхтимол дур нест.

Fазали Мавлоно аз сармашки худ, яъне газали Саной аз лихози мазмун ва шакл тафовути калон надорад. Мавлоно дар газали исти;болии хеш тамоми талаботи ашъори чавобияро риоят намуда, мазмуни умумй, шакли зохирй(;офия ва радиф) ва тарзи баёнро нигох доштааст. Хар ду газал хам дар авзони гуногуни бахри хазач иншо шудаанд. Агар газали Саной дар вазни хазачи мусаммани

ахраби ма;сур - мафъулу, мафоилун, мафъулу, мафоилон(- -V / V---/ - -V / V- ~) навишта шуда

бошад, чавобияи он дар вазни хазачи мусаммани ахраб, яъне мафъулу, мафоилун, мафъулу мафоилун (- -V / V— / - -V / V—) суруда шудааст.

Кофияи хар ду газал "он" буда, радифи панччузъаи "шуд, то бод, чунин бод" ё "бодо" муси;оии каломро таъмин кардаанд. Гуфтан мумкин аст, ки илова шудани як алиф(о) ба радифи газали Саной (бод-бодо) муси;ияти газали Мавлоноро хеле баланд кардааст. Добили зикр аст, ки дар хар мисраи то;и газали Мавлавй ;офияхои дарунй мавчуданд, ки ин чилваи хунарй хоси газалхои Маволоно буда, боиси хушхониву танини муси;оии шеър гаштааст.Чунончй:

Он боди хаворо бин, з-афсуни лаби ширин Бо ной дар афгон шуд, то бод, чунин бодо.

Он гург бад-он зиштй, бо цахлу фаромуштй, Нак Юсуфи Канъон шуд, то бод, чунин бодо.

( 3, 79)

Аз чихати адади абёт газалхо низ баробар нестанд. Fазали Саной дар дах байт ба силки назм кашида шуда, назираи он як баробар изофа, яъне бисту ду байтро фаро мегирад. Дар яке аз нусхахои точикистонии "Девони кабир"(5, 19) газали мавриди назари Мавлавй дар 8 байт ва газали Саной дар "Осори мунтахаб"-и суханвари Fазнавй(8, 77) дар 7 байт омадаанд. Дар бисту ду байти газали чавобияи Румй аз ;офияхои дар газали Саной овардашуда шаштои он истифода шудаанд: "шакаристон", "шакарафшон", "султон", "чон", "мусалмон" ва "Хуросон" Дар чавобияи хеш Мавлавй баъзан аз мисроъи Саной танхо як калимаро иваз намуда, мисраи нав ба вучуд овардааст:

Саной:

З-он лаб, ки хаме захр фишондй ба такаббур, Акнун шакарафшон шуд, то бод, чунин бод.

Мавлавй:

Цахраш хама рахмат шуд, захраш хама шарбат шуд, Абраш шакарафшон шуд, то бод, чунин бодо.

Саной:

Он рух, ки шакар буд нихонаш ба латофат, Акнун шакаристон шуд, то бод, чунин бод.

Мавлавй:

З-он хашми дуругинаш, з-он шеваи ширинаш, Олам шакаристон шуд, то бод, чунин бодо.

Fазалхо аз чихати истифодаи воситахои тасвири бадей низ аз хамдигар фарк мекунанд. Дар газали Саной ду воситаи тасвир -тазод ва ташбех бештар бори маънй мекашанд. Мавлавй бошад дар ифодаи матлаб ва баёни мазмун, гайр аз тазоду ташбех, боз тавсиф, муболига ва талмехро низ ба кор кашидааст.

Кайд кардан бамаврид аст, ки баъзе абёти ин ду газал дар ифодаи мазмун ва маънй ба хамдигар хеле наздикй доранд.

Масалан, Саной гуфтааст:

Деве, ки дар он куфр хаме дошт мар уро Он дев мусулмон шуд, то бод, чунин бод.

Хдмин маънй дар чавобияи Румй ба ин зайл ифода шудааст: Фиръавн бад-он сахти, бо он хама бадбахти, Нак Мусии Имрон шуд, то бод, чунин бодо.

Румй дар чавобияи хеш рухи мазмуни умумии шеъри Саноиро асосан нигох дошта, тибки завку салика ва чахоншиносиву ормонхои эчодиаш онро бо дурру гавхари тоза муайян намудааст.

Мавлоно Ч,омй дар бораи шеъри чавобия менависад, ки шеъри татаббуъ аз сармашки хеш бояд бартарй дошта бошад ва ё хеч набошад , акаллан бо он хампоя бошад. Аз ин нукта агар ба чавобияи Румй нигох кунем, сарехан маълум мешавад, ки назираи Мавлавй аз сармашки худ, яъне газали Саной дар пояи баландтаре карор мегирад. Ва хамин тавр хам иттифок афтодааст, ки газали чавобияи Румй дар байни хомилони шеъру шоирй чунон шухрати азиме касб намудааст, ки сармашки он хамин андоза маъруфиятро надорад. Сабаби ин шояд дар он бошад, ки аксари газалхои Мавлавй дар мачлисхои раксу самоъ, тахти нагмаи созхои мусикй суруда мешаванд ва гузашта аз ин бештари онхо чанбаи гиной ва мусикоии баланд доранду дар вазну кавофии хушоянду зехнрас навишта шудаанд. Fазалхои Саной то як андоза аз ин унсурхо барканоранд.

Мукоисаи ин ду газал ошкор сохт, ки иртиботи маънавию эчодии Саноиву Румй хеле кавй буда, лоики омузишу тахкики чиддист. Зеро баррасии ин мавзуъ собит менамояд, ки мо бо шахсият ва пайванди рухиву маънавии ин ду суханвари мутасаввиф огохии комил дошта бошем.

Дар асоси андешахои фавк метавон чунин натичагирй намуд:

-таъсир ва нуфузи шахсияту эчодиёти Хдким Саной дар ашъори Мавлоно Ч,алолуддини Румй кавй ва устувор аст.

-газали машхури Мавлоно Чдлолуддини Румй "Маъшука ба сомон шуд, то бод чунин бодо" чошние аз газали "Маъшука ба сомон шуд, то бод, чунин бод"-и Саноист.

-мавзуи нуфуз ва таъсири ашъори Саной ба эчодиёти суханварони мутасаввиф, бавижа Чдлолуддини Румй то хануз пурра ба риштаи тахкик кашида нашудааст.

-Мавлоно Ч,алолуддини Румй дар колабу мазмуни газали Саной аз руи завку фитрат ва чахоншиносиву ормонхои эчодиаш асари чадиде таълиф намуда, ба ин васила як андоза иртиботи маънавию рухонии хешро ба Саной зикр кардааст.

-татаббуи Румй ба газали Саной пайравии эчодкорона ва баробар буда, нишони кудрату тавоноии уст.

-дар мукоиса омухтани газалхои оламгири Саной ва Румй барои халли масъалахои иртиботи эчодй ва маънавии ин ду суханвар мусоидат намуда, баррасихои амику доманадорро такозо менамояд.

ПАЙНАВИШТ:

1. Балхй, Мавлоно Чдлолуддин Мухаммад.Маснавии маънавй/ Мавлоно ^алолуддин

Мухаммади Балхй. - Техрон: Нашри замон, 2001.- 728с.

2. Розй, Начмиддин. Мирсод-ул-ибод: бо эх,тимоми Мухдммад Амини Риёхд/ Начмиддин Розй. - Техрон: Интишороти Амири Кабир, 1373 х,.ш. - 798 с.
3. Румй, Мавлоно Чдлолуддин. Девони кабир: иборат аз 2 чилд (тахияву тадвини матн бо му;аддима ва луготу тавзехоти Алии Мухаммадии Хуросонй)/ Мавлоно Чдлолуддини Румй.- Душанбе: Дониш, 2007.- 687с.- 1ч.
4. Румй, Мавлоно Ч,алолуддин. Девони кабир: иборат аз 2 чилд (тахияву тадвини матн бо му;аддима ва луготу тавзехоти Алии Мухаммадии Хуросонй)/ Мавлоно Чдлолуддини Румй.- Душанбе: Дониш, 2007.- 710с.- 2ч.
5. Румй, Ч,алолиддин. Девони кабир.Ба чоп тайёркунандагон С.Сидди;ов ва М.Шахидй/Ч,алолиддини Румй.-Душанбе: Адиб, 1992.-448 с.- 1 ч.
6. Саной, Хдким Абулмачдуд ибни Одам.Девони Саной.Бо кушиши доктор Алимухаммад Собирй, Ру;ия Темурй ва Рухуллох Мухаммадй/http://birteam.ir/product//^^-i"l-jlJ^Jkb
7. Саной, Хдким Абулмачдуд ибни Одам.Девони Саной. Бо му;аддимаву хавошй ва фехрасти Мухаммадта;й Мударриси Разавй/ Хдким Абулмачдуд ибни Одам Саной.- Техрон, Саной, 1388.- 1398 с.
8. Саной, Хдким.Осори мунтахаб: иборат аз 2 чилдДаким Саной.- Душанбе: Адиб, 1993.-400с.-1ч.
9. Содикова, Р.А. Литературно-художественные особенности «Мирсад ул-ибад» Наджмуддина Рази. диссертация на соискание ученой степени кандидата филологических наук: 10.01.03.- Душанбе , 2018.- 161 с.
10.https://tg.wikipedia.org/wiki/Адабиёти_тасаввуф
11.https://ganjoor.net/moulavi/shams/ghazalsh/

REFERENCES:

1. Balkhi, Mavlono Jaloluddin Muhammad. Masnavii Ma&navi / Mavlono Jaloluddin Muhammad Balkhi. - Tehran: Zaman publishing-house, 2001. - 728 p.
2. Rozi, Najmiddin. Mirsad-ul-Ibad: under the editorship of Muhammad Amini Riyahi / Najmiddin Rozi. - Tehran: Great Amir, 1373hijra. - 798 p.
3. Rumi, Mavlono Jaloluddin. Complete Collection of Compositions: in 2 volumes. - V.1. (preparation and compilation of the text with introduction and glossaries by Ali Muhammadi Khurosoni) / Mavlono Jaloluddini Rumi. - Dushanbe: Knowledge, 2007. - 687 p.
4. Rumi, Mavlono Jaloluddin. Complete Collection of Compositions: in 2 volumes. - V.2. (preparation and compilation of the text with introduction and glossaries by Ali Muhammadi Khurosoni) / Mavlono Jaloluddini Rumi. - Dushanbe: Knowledge, 2007. - 710 p.
5. Rumi, Jaloliddin. Complete Collection of Compositions. Prepared by S. Siddikov and M. Shahidi / Jaloliddin Rumi. -V.1. - Dushanbe: Man-of-Letters, 1992. - 448 p.
6. Sanoi, Hakim Abualmajdud ibn Adam. Sanoi&s Collection of Compositions. Under the editorship of Dr. Alimuhammad Soburi, Ruqiya Temuri and Ruhulloh Muhammadi//http://birteam.ir/product//-jlj^-^">Jjkb
7. Sanoi, Hakim Abulmajdud ibn Adam. Sanoi&s Collection of Compositions. The author of Introduction and review and glossaries by Muhammadaki Mudarris Razavi / Hakim Abulmajdud ibn Adam Sanoi.- Tehran, Sanoi, 1388hijra. - 1398 p.
8. Sanoi, Hakim. Selected Works: in 2 volumes / Hakim Sanoi.- V.1. - Dushanbe: Man-of-Letters, 1993. - 400p.
9. Sodikova, R.A. Literary-Belles-Lettres Peculiarities of "Mirsad ul-Ibad" by Najmuddin Razi: candidate dissertation in philology: 10.01.03. - Dushanbe, 2018. - 161 p.
10.https://tg.wikipedia.org/wiki/Literary_of_taawwuf
11.https://ganjoor.net/moulavi/shams/ghazalsh/
САНОИ РУМИ ГАЗЕЛЬ (СТРОФА) ЛИТЕРАТУРНЫЙ ОТВЕТ ДИВАН ПОДРАЖАНИЕ ВОСПРИИМЧИВОСТЬ sanoi rumi ghazal (stanza)
Другие работы в данной теме:
Контакты
Обратная связь
support@uchimsya.com
Учимся
Общая информация
Разделы
Тесты