Спросить
Войти
Категория: Литература

ОБРАЗ ТЕМУРМАЛИКА В ЛИРИЧЕСКИХ ПОЭМАХ СОВРЕМЕННОЙ ТАДЖИКСКОЙ ЛИТЕРАТУРЫ

Автор: Бободжонова Мадина Хайдарджоновна

УДК 4Т(075) ББК 81.2 тя72

СИМОИ ТЕМУРМАЛИК ДАР ДОСТОНХОИ ЛИРИКИИ АДАБИЁТИ МУОСИРИ ТОЦИК

ОБРАЗ ТЕМУРМАЛИКА В ЛИРИЧЕСКИХ ПОЭМАХ СОВРЕМЕННОЙ ТАДЖИКСКОЙ ЛИТЕРАТУРЫ

TEMURMALIKS IMAGE IN LYRICAL POEMS OF MODERN TAJIK LITERATURE

Бобоцонова Мадина Хайдарцоновна, сармуаллимаи кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоцики МДТ "ДДХ ба номи акад. Б.Гафуров» (Тоцикистон, Хуцанд)

Бободжонова Мадина Хайдарджоновна, страший преподаватель кафедры методики преподавания таджикского языка и литературы ГОУ "ХГУимени академика Б.Гафурова" (Таджикистан, Худжанд)

Bobojonova Madina Haidarjonovna, senior lecturer of the department of teaching methods of the Tajik language and literature under the SEI "KSU named after acad. B.Gafurov" (Tajikistan, Khujand), E-mail: missmrustamova@mail. ru

Вожа^ои калиди: образи Темурмалик, достони лирики, манзумаи «Эх;ёнома»-и Х,ацназар Гоиб, Чингиз, корнамоиуои Темурмалик, шеъри муосир, цаурамони лирики

Мацолаи мазкур ба инъикоси образи цаурамони халци тоцик Темурмалик дар достонуои лирикии адабиёти муосири тоцик бахшида шудааст. Таъкид мешавад, ки дар адабиёти муосири тоцик тануо ду нафар шоир - Х,ацназар Гоиб ва Аумадцони Рауматзод бо навиштани достонуои лирики ба офаридани симои цаурамонона ва корномауои ватандустонаи Темурмалик муваффац гардидаанд. Муаллиф заминауои фикри, усули таълиф ва чигунагии офаридани симои Темурмаликро дар манзумауои «Эх;ёнома»-и шоир Х,ацназар Гоиб ва «Номаи Темурмалик»-и Аумадцони Рауматзод мавриди таулилу барраси царор додааст. Хамчунин мазмуну мундарица ва муутавои достощои мазкур ба таулил гирифта шудаанд.

Статья посвящена изображению героя таджикского народа - Темурмалика в лирических поэмах современной таджикской литературы. Отмечено, что в современной таджикской литературе только два поэта - Хакназар Гоиб и Ахмаджон Рахматзод в своих лирических поэмах сумели создать художественный образ и патриотические поступки Темурмалика. Анализируются источники, художественный стиль и способы создания образа Темурмалика в поэмах «Возрождение» Хакназара Гойиба и «Письмо Темурмалика» Ахмаджона Рахматзода. Подчеркивается, что образ Темурмалика в этих поэмах используется в качестве важнейшего средства выражения социальных идей авторов, в частности, вопросов патриотизма, мужества, самосознания и самопознания в сочетании с понятиями «Худжанд», «Сир», «Моголтау», «Сырдарья» и др. Делается вывод, что в поэмах Х.Гойиба и А.Рахматзода настоящее поражение Темурмалика не означало его уничтожение, а скорее - его самоотверженность в защите Родины, и он стал вечным образом таджикской литературы.

The article dwells on the depiction of the Tajik people hero being Temurmalik in the lyric poems of modern Tajik literature. It is underscored that in modern Tajik literature only two poets - Haknazar Goyib and Ahmadjon Rakhmatzod in their lyric poems managed to create Temurmalik&s belles-lettres image and patriotic actions. In her article the author analyzes the sources, belles-lettres style and the ways of creation of tTemurmalik&s image in the poems referred as "Revival" by Haknazar Goyib and "Temurmalik&s Letter" by Ahmadjon Rakhmatzod. The author lays an emphasis upon the idea that Temurmalik&s image in these poems is resorted to as the most important means of expression ofsocial ideas of authors, in particular, issues concerned with patriotism, courage, self-awareness and self-knowledge in combination with the notions of "Khujand", "Sir", "Mogoltau ", "Syrdarya", etc. In a nutshell, the author of the article comes to the conclusion that in H. Goyib&s and A. Rakhmatzod&s poems Temurmalik&s real defeat did not mean his destruction, but rather, his dedication in defending his homeland, later on, he became the eternal image of Tajik literature.

Дар бораи достондои лирики, ки дар адабиёти муосири точик солдои сиюм пайдо шуда, дар солдои панчодум нуфуз пайдо намудааст, андешаю афкори адабиётшиносон мухталифанд. Х,ануз солдои

хафтодуми асри гузашта аз чониби бархе аз мухаккикон махсусият ва тафовути достонхои эпики ва лирикй баён гардида буд (8, 47). Адабиёгшинос Юсуф Акбаров таъкид мекунад, ки «достони лирики асари нисбатан калонхачме оид ба мухимтарин масъалахои руз буда, вокеият дар он бештар на тавассути накли хикоёти яклухт, балки тавассути таассурот ва фикру андешахое, ки аз таъсири вокеахо дар калбу рух, дар афкори шоир ва кахрамони лирикии у хосил мешавад, ба калам меояд... Дар лирика ва достони лирикй назари кахрамон ба оламу хаводис, вале дар эпос ва достони эпикй харакату сухан, гуфтугузор, бахсу мунозираи кахрамонон мавкеи асосй дорад...» (2, 272-273). Назарияпардози точик Рахими Мусулмониён достони лирикиро хамчун мухташамтарин жанри лирикй маънидод кардааст, ки таассуроти том ва мачмуи андешахои хамчинсу хамдигарро таквиятдихандаи кахрамони лирикиро дарбар мегирад (7, 194).

Достони лирикии «Эхёнома»-и Шоири халккии Точикистон Х,акразар Гоиб дар адабиёти муосири точик яке аз мухимтарин ва муфассалтарин осори манзум дар бораи Темурмалик ва кахрамонихои у ба хисоб меравад. Чунонки муаллиф дар ибтидои асар таъкид намудааст, он дар заминаи «илхом аз «Кдхрамони халкки точик Темурмалик»-и устод Айнй ва хотираи бузурги у» таълиф гардидааст. Достон саросар оханги ватандустй ва рухияи кахрамонй дошта, дар зимни тасвир карор додани муборизахои ватандустонаи Темурмалик бисёр масъалахои глобалии замони имруза, ки ба осоиш ва хамзистии башар рабт доранд, баён гардидаанд. Шоир ва мухаккик Мухаммадризо Точиддинй дар робита ба ин махсусияти достон, аз чумла менависад: «Шоири гаронкадри точик Х,акразар дар «Эхёнома» ба рагми рухи зиндаи чингизй дарси ватандорию ватанпарастй медихад ва базри иттиходу иттифоку хамдилиро дар дилу чонхо мекорад ва аз тафрикаю чудоию парокандагй мегурезад, чаро ки тафрика омили шикасти мулку механ метавонад бошад ва иттифоку иттиход нигахбони ватан аз тачовузоти госибону истеъморгарон аст» (5).

Асар аз он сар мешавад, ки шоир дар мисоли пайванди дарёхои Вахшу Сир, шахрхои Хатлону Хучанд, ду нафар суханвари бузурги ин ду сарзамин - Шасиддини Шохину Камоли Хучандй вахдату хамдилии мардуми точикро таъкид менамояд, ки метавон онро хамчун ручуи шоир пазируфт.

Асар аз силсилаи масъалахои ба хам алокаманд ва мохиятан ба хдм вобаста таркиб ёфта, дар аксари кисми огозу охири шеърхо ручуъхои лирикй ва хитобахо, даъвату нидои пахлавонону кахрамонони ватандуст оварда мешавад, то мардуми бо нангу номус барои аз хамлаи бегонагон хифз намудани ватани худ бархезанд:

Вале ро%и ман дар ца%он дигар аст, %аётам фидои гами кишвар аст. Диламро бикоби ба хуни танам, Наёби ба цуз %урматимещанам (4,257).

Шеърхо банд-банд офарида шуда, хар банд вобаста ба мазмун аз се, чор, шаш ва зиёда аз он мисраъхо таркиб ёфтаанд.

Достон дар кофиябандии маснавй ва вазни мутакориби мусаммани максур, ки вазни «Шохнома»-и Фирдавсй буда, бо рухияи чанговаронаи «Эхёнома» мувофик, аст, навишта шудааст. Вале гохо шоир кофиябандии маснавиро риоя накардааст, микдори мисраъхоро каму зиёд мекунад, гохе хам дар бандхои чормисрагии шеърхо рукнхои чахоргонаро дар мисраи чорум ихтисор мекунад ва мисраи чорум ба шакли «фаулун фаул» чамъбаст мешавад. Чунончи, дар порчаи зер:

Фигонам зи цон мебарояд, зи цон, Фуру мезанад бар сарам осмон, Дарегат, дарегат, дарегат, цавон, Дарегат цавон! (4,249).

Дар маркази достон образи кахрамони лирикй меистад, ки бо шахсияти муаллиф як мебошад. Достон бар хилофи достонхои эпикй сужети ягона ва яклухте, ки аз аввали асар то охир давом кунад, надорад, он аз лавхахои алохида иборат буда, фикру андеша, монологи ботинй, тасвири холату вазъият, олами рухию равонии кахрамони лирикй ва умумияти гояи асосй чузъхоро ба хам мепайвандад.

Дар сохтмони асар шахсияти шоир, ки аз аввал то охири достон бевосита иштирок дорад, байни вок,еаю ходисахои гуногуни гузаштаю имруза хамбастагии мантикиро таъмин намудааст. Эхсосоти пуршиддату чушони шоир дар зимни ручуъхои лирикй, ки дар ибтидо ва интихои шеърхо дар шакли мансур омадаанд, дар тамоми пахнои достон макоми асосй доранд. Ин ручуъхо охангхои хитобй ва даъваткунанда ба муборизаи зидди куввахои бадй, ба дифои ватан, мубориза бар зидди хама гуна тахдиду беадолатихои замон дошта, бо достон пайванди кавй доранд, зеро шоир пеш аз огози хар пораи достон бо эхсоси баланд, андешаи хешро нисбати вокеа ва ё ходиса баён медорад ва сипас достонро идома медихад.

Мазмуни сужети аввали достон дар ручуи аввал баён мегардад, шоир бо «хавопаймои хаёл» аз сохили дарёи Вахш, ки зодгохи худи уст, ба сохили Сайхун фуруд меояд. Бо мехр ба пахнои Хучанд дида медузад ва хотирахо уро ба гузашта мебаранд. У «авроки амвочи заррини Сайхун»-ро, ки хамчун шахкитоби таърих ба назар мерасад, бо панчаи хаёл» боз мекунад. Мавчи хаёлот уро ба гузашта мебаранд ва у хаёлан бо Хучанд сухбат менамояд. Шоир дар авроки хунолудаи таърих «акси харобазори кухандизи Хучанд», «панчаи сиёхи такдир», «нафаси хуношоми Чингиз», «харобкорию вахшиёнати мугулон», «хиёнати хамватанон»-ро, ки «нишони вахшонияти одам» аст, мебинад. Махз «авроки заррини амвочи шахкитоби Сайхун» ба кахрамони асар имкон медихад, ки бо варакгардон намудани сахифахои он таърихи гузаштаро пеши назар чилвагар бубинад. Дар сахифахои ин шахкитоб дард, фарёду оххои сузон, разолату кабохат, исёну навха, худхохию худпарастй, хиёнати душманони хонагй, нангу номус, кахрамонию диловарй ва нокомию навмедй дарч гардида, аз чониби шоир хамаи онхо бо эхсоси бисёр баланд хам дар шакли назм ва хам дар шакли наср тасвир гардидаанд. Кдхрамони лирикй бо варакгардон намудани ин шахкитоб таърихи хуношоми муборизаи нобаробари халки Хучандро бар зидди мугулон, инчунин вокеахоеро, ки дар садаи ХХ рух дода, имруз инсониятро бо нафаси тунду сарди хеш ба тахлука андохтааст, пеши назар чилвагар мебинад.

Ба ин манзур, шоир дарёи Сайхунро ягона шохиди вокеоти хуношоми асрхои Х11- Х111 медонад, ки дар хофизаи худ таърихро махфуз карда, ба ояндагон интикол медихад.

Дар нихоят «мавчвараки шохкитоби мукаддаси Сайхун пушида мешавад» ва дидгохи назари шоир «аз кухнаайёми таърих баста мегардад». Бо вучуди ин достон ба охир намерасад, зеро андешахои муаллиф бори дигар ба чахони имруз бармегардад, ба чахоне, ки ба ибораи муаллиф дар он «хануз рухи хуношоми чингизй хам зинда аст. Ва ин рух аз тугмахои оташафшони садаи бист худнамой дорад, дар вахшати силохи нейтронй ба хастии ман (инсони башардуст. - М.Б.) механдад». Муаллиф дар ин бахши достон хам хонандаро ба хушёрию бедорй даъват мекунад, зеро рухи чингизй хануз хам ба шаклу усули нав ба амнияти сайёра тахдид мекунад: «Дар осмонхо бо тахдид кадам мемонад бо сари пур аз боди гуруру такаббур, бо хабисии нафратангез бо бадандешони олам бодагусорй мекунад. Ва ман ин рухро хоса, на дар харобазори кухандизи Хучанд, балки дар валангории калъаи Брест ва харобазорхои мулки афгон хам мешиносам. Балки дар сангархои дунёй хануз хам мечангам, то чингизе дубора хунам нарезад, то чингизй дубора ба дунё фитна наангезад» (4,262).

Дар достон ручуъхои лирикй хеле бо эхсоси баланд суруда шуда, драматизми асарро таквият бахшидаанд. Дар сурати аз матни асосии асар чудо кардани ин порчахои мансур, ки лахзахои чудогонаи корномаи Темурмалик ва далелхои дигари таърихй ва адабию ривоятиро дарбар гирифта, барои шоир хамчун сарчашмаи ифодаи фикр ва баёни эхсосот хизмат намудаанд, дар назари хонанда монологи саршор аз эхсоси ватандустона чилвагар мешавад. Аз ин лихоз манзумаи «Эхёнома»-ро аз чихати сохтор метавон аз ду бахш иборат донист: бахши манзум ва бахши мансур.

Вале ин ду бахши аз лихози навъи адабй гуногун чунон дар пайдархамй баён шудаанд, ки яке дигареро тавзех медиханд ва пурра мекунанд. Рухия дар ин ду навъи сухан якхела намебошад. Дар ручуъхои мансури манзума низ симои кахрамони лирикй бо эхсоси баланди ватандустй, худшиносй, нафрати сузон доштан нисбат ба хунхорону чангчуён рунамо гардида, дар бахши манзум дар баробари эхсоси баланд як навъ натичагирй аз ручуъхои пурэхтирос ба мушохида мерасад: симои кахрамони лирикй дар ин бахши манзум андешамандона ва файласуфона зухур намуда, андешахо дар заминаи натичагирй аз вокеаву ходисахо баён гардидаанд. Мундаричаи гоявии манзумаро садои оху нола аз фочеаи халк, таассуфу пушаймонй ва нафрат аз ватанфурушии хоинон, дарег аз хиёнати хокимони давр ва паём аз усутуворию нерумандии халк ташкил додааст. Порчахои мансур бошанд барои таъмин намудани пайванди байни ашъори манзум ва хамчунин шарху тавзехи афкори шоир хизмат намудаанд Сухани кахрамони лирикй, аз хамон ибтидо бо бохарорат ва эхсоси баланди ватан ва ватандорй огоз мегардад, ки идеяи асосии достонро ба хонанда бозгу мекунад:

Пур аз ме%ри кишвар замини замир, К,адам мени%ам дар лаби руди Сир, Саропой сузу сурушу нафир(4, 232). Бо тасвири сафар (харчанд ба таъбири худи муаллиф «сафари хаёлй» бошад хам) огоз гардидани достон то охирин сахифахои он идома меёбад ва кахрамони шеър ба унвони рахнамо хамрохи хонанда карор дорад. Шоир зимни сафари тахайюлии худ ба харобахои калъаи Хучанд нигариста, аз харобкорихои ночавонмардонаи Чингиз ва писараш Тулй ёд мекунад ва дар зимни ба ёд овардани ин гузаштаи пурфочеа ба имрузиён хитоб мекунад: "Х,ой мардум! Хуш доред: дасти инсон ба гулуи якдигар афтода, чун дандони даррандае ба гулуи оху... Бале, одам аст, ки одамро мекушад, на дарранда даррандаро...!" (4,235) Ин андешахо, ки дар заминаи натичагирй аз вокеоти дирузу имруз ба вучуд омадаанд, дар асар бо максади нишон додани арзишу гирмидошти кадри инсон, расидан ба кадри

ваддату дамдигарфадмй, ободию осудагй ва дар мачмуъ арчгузорй ба мафдумдое чун истиклолу озодй, худогодию худшиносй равона шудаанд.

Дар «Эдёнома» симои Темурмалик дамчун тачассумгари руди солиму шикастнопазир, кувваи бузурги халк арзи вучуд намуда, мардумро ба дифзи нангу номус ва марзу буми меросии хеш даъват ва дидоят мекунад.

Дар шеъри «Панди Темурмалик» мурочиати падлавони хучандй ба мардуми Хучанд аз дучуми сиподи мугул, ки дамчун сиподи «надс», «аждари одамидаркаш» ва «балои замину замон» тасвир шудааст, чунин садо медидад:

Далерони номи, цавонмард^о, Аё сина пур аз гаму дард^о. Аё пиру барнои озодару Ба бозу палангу ба тамкин чу ку%. Дар ин хонадон на^с омад, дарег, Куцо на^с - сели табарзину тег, Куцо сел - ба^ри зи оташ равон, Балодаркаше дар замину замон, Мугул бо сиподи гарон омадаст, Калонгиру сарду дамон омадаст, Малах гуи аз осмон омадаст... Паи хурдани барги цон омадаст (4, 237).

Темурмалик дамватанонро бар он даъват мекунад, ки дар ин мардалаи такдирсоз ба дам ёру бародар гашта, ба рагми адуи ситамгар теги интиком ба даст гиранд, зеро:

Набояд замини падар^ои мо Ба фармони душман шавад зери по. Набояд, ки хони падар аз цазо Ба душман шавад цои нушу наво... (4,239).

Чунонки каблан ишора гардид, шоир тандо аз дадшату хунхории Чингиз ва лашкариёни у дарф намезанад, балки ин вадшиёнати замони гузаштаро дар дампайвандй бо замони муосир баён месозад. Ончунон ки шоир таъкид месозад, чингизиёни садаи бист калъаи амнияти олам, сириштаи медру мудаббати одамро бо берадмй хароб мекунанд: «Писарони Чингиз зиндаанд ва хизматгузори Адримани чанганд. Х,ануз теги ташнаи хунашон аз даст нафитода...». (4, 234) Ин эдсосдои пуршур ва андешадоеро, ки гуё шоир барои имруз сароида бошад, метавон як навъ андешадои пешгуикунанда дисобид, ки шоир бо забони шеър чунин баён мекунад:

Замину замона пур аз оташ аст, Фалак пири фартути за^маткаш аст. Аду по ни^ода ба хоки Ацам, Шикаста камони бани Ораш аст. Ки бас руба^он лофи шери зананд, Сари сина дасти далери зананд (4, 234).

Шоир ин хунхорию берадмиро натичаи набудани маърифат медонад, аз ин лидоз, таъкид мекунад, ки фарзандони аз илму дониш бадравар, ки шоистаи обу хоки поки ин Ватан бошанд, тарбия карда шаванд:

Бубояд, ки фарзанди лахти цигар Зи %арбу зи дониш шавад бадравар, Кунад гул ба %уснаш ца^они %унар, Ки бошад яке марди поки Ватан, Як арзандаи обу хоки Ватан». (4, 235).

Дар «Эдёнома» корномадои Темурмалик ва муборизадои у бар зидди мугулон ба он тарзе, ки дар китобдои таърих зикр гардидааст, тасвир карда намешавад. Далелдои таърихй барои шоир ба манзалаи воситаи баёни фикр хизмат карда, муаллиф ба кадрамонидои Темурмалик, хиёнаткорона чилои ватан кардани Мудаммади Хоразмшод, хиёнати душманони хонагй дар шикасти Темурмалик дар Хучанд ва вокеоти дигар тандо ишора мекунад ва сипас аз забони кадрамон андешадои хешро баён месозад. Чунончи, шоир ба вокеияти таърихии аз тарафи докими Утрор - Гоирхон ба катл расонида шудани корвони точирони мугул ва горат гардидани ондо, дамчунин куштани косидони мугул, ки дар натичаи сабукандешй, белаёкатй ва иштибоди Султон Мудаммади Хоразмшод ва ходарзодаи у ба амал омада, боиси газаби Чингизхон ва кушта гардидани дазорон мардумони бегунод гардиданд, менависад:

Ва буд аз чунин зумра Хоразмшод, Ило^о, шавад дузахаш сарпано

Ки худ бар ма%ал дар гами цон бимонд, Х,ама халкро бесаробон бимонд. Ва чун шо%и давлат хиёнатгар аст, Чи цойи шикоят зи хайли шар аст! (4,256)

Чунин лахзахое, ки шоир барои исботи андешахои хеш аз таърих бурхон мечуяд, хеле зиёд буда, боиси пуртаъсир баромадани достон гардидаанд.

Дар бораи мохияти манзумаи мазкур мухаккики эронй Мухаммадризои Точдинй менависад: «Манзумаи дигари устод Х,акразар манзумаи «Эхёнома» аст, ки хамлаи вахшиёнаи мугулро бо хуни дил ба тасвир мекашад ва таърихи куштори берахмонаи миллаташро мегиряд ва дар айни хол аз родмардихо ва кдхрамонидои бузургмардони точик аз чумла, Темурмалики Хучандй ва Ч,алолиддини Маликшох ёд мекунад, ки дар рохи дифоъ аз мулку механ чонфишонихо ва кахрамонихо аз худ нишон додаанд ва мардонаву далерона бо душмани хунхор чангидаанд ва дар ин рох чони азизи худро фидои миллату механ кардаанд ва харгиз тан ба таслим надодаанд»(5, 222).

Дар хакикат хам, рухияи манзумаи «Эхёнома» рухияи чанговарона аст. Муаллиф аз забони кахрамони лирикй, яъне Темурмалик пурсузтарин эхсосу андешаи шоиронаашро ба хамон тарзе баён мекунад, ки Фирдавсй зимни достонхои «Рустам ва Сухроб» ва ё «Достони Сиёвуш» баён карда буд. Чунончи:

Замину замона пур аз оташ аст, Фалак пири фартути за%маткаш аст. Аду по ни%ода ба хоки Ацам, Шикаста камони бани Ораш аст. Ки бас руба%он лофи шери зананд, Сари сина дасти далери зананд (4, 234).

Агар дар манзумаи мазкур аз як тараф рухияи афкору андешаи Х,аким Фирдавсй ва кахрамонони «Шохнома» эхсос гардад, аз чониби дигар, чандин абёте мавчуданд, ки бевосита байтхои ин хамосаи бузургро ба хотир меоранд. Чунончи, дар байти зерин Фирдавсй бо ишора ба гузаштаи пурифтихори Эронзамин аз он изхори ташвиш мекунад, ки ин мулки таърихию пуровоза дар натичаи кашмакашихои ачнабиён ба макони хароба табдил меёбад:

Дарег аст Эрон, ки вайрон шавад, Куноми палангону шерон шавад(11,152).

Шоир Х,акназар Гоиб низ монанди Фирдавсй орзуи дурахши Ачамро мекунад:

Ацам то зи нав нацмирахшон шавад, Бурун аз гилаш сабзаи цон шавад. Замини %аёти ниёгон шавад, Замини далерону мардон шавад. Дили бар%аёти бузургон шавад (4, 260).

Манзумаи «Эхёнома» сар то по манзумаи худшиносй, баёни гаму андух, тасвири фочиаи таърихии халки точик ва шахри Хучанд буда, бо эхсоси баланди худогохии миллй ба калам омадааст. Ончунон ки адабиётшинос Абдурахмон Абдуманнонов таъкид мекунад, манзума «аз порахои гаму алам духта шуда, манзараи фочиаи таърихии халки точик ва шахри Хучандро нихоят хассосона чилвагар менамояд. Тасвирхои рангин лавхахоеро аз он рузгори талхи мардуми точик пеши назар меоранд, ки дилхоро реш ва хотирахоро пареш месозанд» (1,4).

Он услуб ва шакли муассири омехтагии назму наср, ки муаллиф хангоми баёни мавзуъ ба кор гирифтааст, ба суханвар имкони бештари ифода намудани эхсосу андешаро фарохам овардааст, ки албатта дар таърихи адабиёти муосири точик бесобика набуд. Дар достони «Суруши Сталинград»-и Муъмин Кдноат ва бахусус достони «Точикистон-исми ман» чунин порчахои мансур дар огози бахшхои алохидаи достон оварда шудаанд. Махсусан, достони охириро, ки аз лихози бо насру назм баён гардидани фикр «Эхёнома»-и Х,акщзар Гоиб бо он шабохати зиёд дорад, мунаккид Аскар Хдким бо назардошти бо эхсоси баланд суруда шудани он «достони оратория, достони минбар, як таърихи шоиронаи халк, ва кишвари точик» номидааст (6,78).

Шоир Хдкназар Гоиб дар заминаи руй овардан ба таърихи гузашта ва ёдоварии истилои бегонагон аз замони Искандар то хамлаи мугул ба баррасии ваъзи чахони муосир мепардозад, дастдарозихои олами Гарб ба Шаркро бо рухи тачовузгари Чингиз мукоиса мекунад ва байни ишголгарони замони гузаштаю имруз робитаеро дарёфт мекунад, ки аз хавохои нафсонй, худхохию худпарастии онон сарчашма мегирад.

Дар манзума корномаи пурифтихор ва дар айни замон пурфочеаи кахрамони халки точик Темурмалик дар мехвари андешахои муаллиф карор гирифта, имкон додааст, ки шоир нафрати сузони хешро нисбат ба чангчуён баён намояд.

Мурочиат ба таърихи халки точик, хоса ба садифадои пур аз фочиаву корномадои он, ки дар чараёни худогодиву худшиносии миллй адамияти мудим дорад. Аз ин нуктаи назар, арзиши манзумаи «Эдёнома» дар он зодир мегардад, ки шоир бо истифода аз дофизаи таърихии мардум дамватанонро ба дарси ибрат гирифтану фирефтаи макри душманон нашудан, эдтироми марзу буми кишвар, шинохти арзиши истиклолияту озодй ва содибватанй даъват мекунад. Дар достон инчунин андешадои фалсафии шоир вобаста ба дифзу гиромидошти ватан ва обу хоки он, некию некукорй ва адолат дар дамбастагии мантикй бо гузаштаву имруз ба риштаи тадрир кашида шудааст.

Вобаста ба ин Адмадчон Радматзод дуруст таъкид мекунад: «Шоири халкии Точикистон, дорандаи Мукофоти давлатии ба номи Абуабдуллоди Рудакй Хдкназар Гоиб достоне бо номи «Эдёнома» эчод намуда, корномадои Темурмалики бебоку шучоатманд, часуру хирадмандро басо боэдтиросу пуршавкат тасвир ва тараннум карда, дар назм собит намуд, ки симои човидонаи ин кадрамони халк дамеша барои миллати мо азиз буд ва акнун, дар замони Истиклолияти томи давлатии Чумдурии Точикистон боиси ифтихор ва пайравии дамватанон мебошад» (10, 6).

Аз шоирони дигари точик, ки корномаи Темурмаликро дар достони алодида мавриди бадрагирй карор додааст, Шоири халкии Точикистон Адмадчони Радматзод аст. Шоир дар достони «Пайгоми ориён» номаи панчумро «Номаи Темурмалик» ном нидодааст. Дар манзума шоир паёми Темурмаликро тавассути номае ба пасиниён мерасонад, ки дар он тамоми ормону андешаи Темурмалик ифода ёфтааст. Нома зодиран аз 5 банд иборат буда, банди аввал ручуи шоирона ва банддои пасин панддо ва ё васиятдои Темурмалик ба ворисон-ояндагони хеш аст, ки ононро даъват мекунад, то нисбат ба дар гуна ноадолатидои рузгор ва давр оштинопазир бошанд ва барои аз байн бурдани дар падидаи ночо талош намоянд, зеро хиёнату ночавонмардй дар дар замон чомеаро ба кулфат, гирифториву асорат ва шикаст мувочед месозад.

«Номаи Темурмалик» шеъри андешаю тафаккур аст, муаллиф ба чузъиёти муборизаи Темурмалик бар зидди неруи мугулдо ишора намекунад, балки бо таваччуд ба натичаи фочеаи мазкур андешадои хешро чамъбаст мекунад. Аз ин ру, нуктаи медварии андешаи шоир дар сари се мафдум - «хиёнат», «разолат» ва «кабодат» мечархад ва ин вожадо мафодими калидии шеъри мазкурро ташкил доданд.

Таваччуд ба дарунмояи шеър нишон медидад, ки он аз чадор ладза ё кисм иборат буда, баёни тавоной ва нерумандии лашкари Темурмалик, баёни рози дарёи Сир, ормон ва розу ниёзи уро дарбар мегирад.

Дар бахши аввал муаллиф аз нерумандии лашкари Темурмалик, кудрат, диммат ва часорати у дар киёс бо урдуи хунхори Чингиз сухан рондааст. Ба андешаи суханвар сабаби шикасти лашкари Темурмалик урдуи бешумори чингизиён набуд, зеро дар лашкари Чингиз неруву кудрат, диммат ва часорати нерудои чангии ин кадрамони хучандй мавчуд набуд:

Набуд урдуи Чингизро чунин неру, Набуд урдуи Чингизро чунон нусрат. Набуд кудрат, набуд диммат, цасорат... (9,8).

Бо вучуди чунин неруи тавоно дар ин чанги нобаробар лашкари Темурмалик шикаст мехурад, ки сабаби онро муаллиф дар мафодуми хиёнати дамватанон мебинад:

Лек дар мо буд хиёнат. Разолат буд, Цабо^ат буд. (9,8).

Дар бахши дуюм сухан аз вокеаи таърихии кушиши мугулон дар гирифтани роди дарёи Сир меравад, ки чузве аз корномадои Темурмалик бо он иртибот дорад. Аз нигоди шоир дарёи Сир дамчун далкаи фулодин, балки кавитар аз он дам дари шадри Хучандро баста буд ва намегузошт, ки касе ба он ворид шавад. Ин монандкунй аз он чо сар задаст, ки барои аз чониби лашкари мугул гасб шудани Хучанд дарёи Сир вокеан монеаи асосй буд. Бо истифода аз ин дакикати таърихй Адмадчони Радматзод тавонистааст маънии шоиронаеро ба зудур оварад: у дарёи Сирро ба тилисме монанд кардааст, ки аз одану пулод низ мустадкамтар мебошад. Барои риояи танусуби сухан шоир дар баробари калимаи «тилисм», вожадои «одан», «фулод», «далка» ва «занчир»-ро овардааст. Бояд гуфт, ки ба тилисм шабодат додани дарёи Сир досили нигоди инфиродй ва андешаи шоиронаи Адмадчони Радматзод буда, дар шеъри шоирони дигар ба кор нарафтааст:

Канори Мевагул

аз «файзи пои» %ар биёбонгард холи гашт, Хиёнат номи ку^и Мевагулро %ам

мугул пиндошт, Зи санги ку% доман карда пур

бар руди пок андохт. Тилисми Сайрро, к-аз о%ану фулод муста%кам-Дари ин ша%рро буд %алкаю занцир, Бизад бардам... Хиёнат боли дарёро шикаст, Ова%, садокат буд бе шамшер... Хиёнат бе насаб буду тараф,

бе нангу номусу шараф,

бе пир... (9,8).

Суоле пайдо мешавад, ки дар шеъри мазкур кадом лахзаи вокеаи таърихии марбут ба зиндагии Темурмаликро, ки дар кутуби таърихй сабт гардидаанд, мушохида мекунем? Ин чо муборизаи Темурмалик бар зидди мугулон мавриди тасвир карор нагирифтааст, балки он хамчун хотираи таърихй аз забони шахси шоир баён гардидааст, ки ба таъбири академик Мухаммадчон Шакурии Бухорой баёнгари масъалаи «бохтхои таърихии миллат» мебошад (3, 436). Зеро, чунонки адабиётшиноси мазкур таъкид мекунад, дар як мархалаи таърихй «шеъри хештаншиносй барои афзудани гунчоиши ёди таърихй чахд дошт. Шеър аз бохтхои таърихи миллат, аз равишхое, ки миллатро аз он махрум намудаанд, сухан сар кард...» (3, 436). Дар шеъри мазкур низ ёдхои таърихй шоирро ба ёди бохтхои таърихй мебарад ва шоир ба гузаштаи таърихй таваччух карда, сабабу иллати ин бохтхоро дар хиёнат маънидод мекунад ва аз забони Темурмалик мегуяд:

Маро тире накушт охир, Хиёнат кушт бе шамшер,

бе теги ситегу тир... Разолат кушт бе пайкон, Цабо^ат кушт бевицдон, Маро кушт окибат як идда беимон...(9,8).

Дар шеъри мазкур шоир хонандаро барои маърифат ва шинохти натичаи дигаре рахнамун месозад: Темурмалик хамчун як фарди бедордил ва хушёр худро бар мукобили душманон мегузорад ва хамватанони худро хушдор медихад, ки дар чомеа мебояд хиёнату ночавонмардй бардошта шавад, то ин ки таъмини саодату рохати мардум таъмин гардад:

Ки %ар га% дар %укумат%о хиёнат %аст, Разолат %асту ту%мат %аст... Цавонмардй бимирад, чун кабо%ат %аст. Сипас медон,

Раиятро саодат нест, ро%ат нест, Му%аббат нею шавкат нест,

кулфат %аст...

Хиёнатро кушед аввал,

Садокат мекунад %ар давру %ар куро

би%ишти адн... (9,9).

Х,амин тарик, «Номаи Темурмалик» ончунон ки аз номаш низ маълум мегардад, нидои Темурмалик ба хамватанон аст, ки кахрамони шеър бо оханги таассуфу навмедй аз шикасти хеш, ки бар асари ночавонмардихои бархе аз хамватанони «зубдаи беор» ва «беномус» руй додааст, накл карда, хонандаро ба хифзу гиромидошти арзишхои волои маънавй даъват менамояд.

Бо ин хама, дар «Номаи Темурмалик» баъзе нуксонхо ба назар расиданд, ки зикри онхо аз манфиат холй нест:

1. Дар баъзе маворид дар шеъри мазкур таносуби лафзу маънй ба гунае, ки бояд риоя нашуда, шоир бештар алфози «хиёнат», «разолат» ва «кабохат» батакрор зикр карда, хусни шеърро кохиш ва суханро ба дарозо мекашад. Аз чумла, дар шеъри мазкур 8 маротиба омадани калимаи «хиёнат», 3 маротибагй зикр гардидани калимахои «садокат» ва «кабохат» на танхо баёнгари мохияти андешаи шоиранд, балки ба салосату шеър латма ворид намудаанд.
2. Ба хотири таъмини мавзунии мисраъхо шоир номи дарёи Сирро ба шакли «Сайр», «даюс»-ро ба шакли «даъюс» овардааст, хоинони ватанфурушро бо ибораи «кафки хазёнгуи бебунёд» таъбир намудааст, ки аз мантик дур аст. Чунончи:

Накардам %ец га% бим аз сафи душман, Вале аз кафки щзёнгуи бебунёд тарсам буд, ...%ама даъюс, Беномус... Хиёнатгар! (9,8)

Хулоса, образи Темурмалик дар достондои шоирони точик Хд;назар Fo^ ва Адмадчони Радматзод дамчун мудимтарин василаи баёни андешадои ичтимой, бахусус масоили ватандустй, шучоат, худогодию хештаншиносй бо мафдумдои мафдумдои «Хучанд», «Сир», «куди Мугул», «дарёи Сир» ва гайра тавъам истифода гардидааст. Адамияти ин образ, пеш аз дама дар арзиши ахлокии он зодир гардида, модиятан ба масъаладои дуст доштани ватан, гиромидошт ва дифзу димояи он бахшида шудааст. Хдрчанд Темурмалик дар муборизаи нобаробар бар зидди мугулони хунхор шикаст мехурад, дар он айём дар муборизаи зидди лашкари мугул ягона амирест, ки новобаста аз нобаробарии куввадо тани тандо барои дифзу димояи марзу буми ачдодй бархостааст. Дар достондои мазкур шикасти вокеии Темурмалик маънои маглубияти уро надошта, сарбаландона дар роди димояи Ватан чон супурданро ифода намудааст. Аз ин ру, ин образ чун образдои Рустам, Исфандиёр, Коваи одангар, Шераки кадрамон ва дигарон ба образдои човиди адабиёти точик мубаддал гардидааст.

ПАЙНАВИШТ:

1. Абдуманнонов, А. Суруши таърихй/ А. Абдуманнонов // Адабиёт ва санъат, 19 октябри соли 1989, №4
2. Акбарзода, Ю. Шеъри точикии нимаи дуюми садаи бист / Ю. Акбарзода. - Душанбе: Адиб, 2011.-320 с.
3. Бухорой, М. Ш. Нигоде ба адабиёти точики садаи ХХ/М.Ш.Бухорой- Душанбе: Пайванд, 2006.- 455 с.
4. Foиб, Хд;назар. Дар тачаллии офтоби аллома И;бол/Х^оиб.- Душанбе, 2018. - 320 сад.
5. Foиб, Хд;назар. Дар тачаллии офтоби аллома И;бол// Точдинй, Мудаммадризо. Аз "Шоднома" то "Эдёнома&/М.Точдинй. - Душанбе, 2018. - С. 222-231
6. ^аноат, Муъмин. Суруши Сталинград. Точикистон - исми ман. (Достондо)// Хдкимов, Аскар. Истедкоми маънй дар сухан/МДаноат - Душанбе: Ирфон, 1979. - С.76-78
7. Мусулмониён, Р. Назарияи адабиёт/ Р. Мусулмониён. - Душанбе: Маориф, 1999.-333 с.
8. Отахонова, Х. Падидадои навчуй/ Х. Отахонова. - Душанбе: Ирфон, 1972.-188 с.
9. Радматзод, А. Номаи сарво/Шайгоми ориён/ А. Радматзод. -Хучанд: Ношир, 2008.- С.8-9
10.Салим, Мачид. Темурмалик// Радматзод Адмадчон. Пешгуфтор/М.Салим.- Хучанд: Меъроч.-2015.-С.4-6
11.Фирдавсй, А. Шоднома/А.Фирдавсй. Ч,илди 2. - Душанбе: Адиб, 2007.- 480 с.

REFERENCES:

1. Abdumannonov, А. Historical Revolution // Literature and Art, October 19, 1989, №4
2. Akbarzoda, Yu. Tajik Poetry of the second Half of the XX-th Century. / Yu. Akbarzoda. -Dushanbe: Man-of-Letters, 2011. - 320 p.
3. Bukhoroi, М. Sh. Some Views on the Tajik Literature Referring to the XX-th Century/ M.Sh. Bukhoroi. -Dushanbe: Payvand, 2006. - 455 p.
4. Ghoib, Haqnazar. Iqbol./H.Ghoib.- Dushanbe, 2018. - 320 p.
5. Ghoib, Haqnazar. In the Glory of the Sun of Allama Iqbol.// Tajdini, Muhammadrizo. From "Shoh-Name" to "Ehyonoma" / M. Tojdini. - Dushanbe, 2018. - P. 222 - 231.
6. Kanoat, Mumin. The Revolution of Stalingrad. Tajikistan Is my Mame. (Stories) // Hakimov, Askar. Strengthening the Meaning of Speech./M.Qanoat - Dushanbe: Cognition, 1979.-P. 76- 78.
7. Musulmoniyon, R. Theory of Literature /R. Musulmoniyon. -Dushanbe: Education, 1999.-333 p.
8. Otakhonova, Kh. New Phenomena/Kh. Otakhonova. - Dushanbe: Cognition, 1972. - 188 p.
9. Rahmatzod, A. The head&s Letter // The message from the Aryans / А. Rahmatzod - Khujand: Publisher, 2008. - P. 8 - 9.
10.Salim, Majid. Temurmalik//Rahmatzod Ahmadjon. Foreword by M.Salim.-Khujand: Miroj.-2015. - P. 4 - 6.
11.Firdawsi, A. Shah-Name / A. Firdawsi. - V.2. - Dushanbe: Man-of-Letters, 2007. - 480 p.
ОБРАЗ ТЕМУРМАЛИКА ЛИРИЧЕСКАЯ ПОЭМА ПОЭМА «ВОЗРОЖДЕНИЕ» ХАКНАЗАРА ГОИБА ЧИНГИЗ ПРОИЗВЕДЕНИЯ ТЕМУРМАЛИКА СОВРЕМЕННАЯ ПОЭЗИЯ ЛИРИЧЕСКИЙ ГЕРОЙ temurmalik's image lyric poem poem entitled “renaissance” by haknazar goyib
Другие работы в данной теме:
Контакты
Обратная связь
support@uchimsya.com
Учимся
Общая информация
Разделы
Тесты